Sebiston new 2024 october
“Коррупсия” боз як раиси ҷамоатро дастгир кард
1247


Агентии зидди фасоди ҷумҳурӣ, ки дар байни мардуми оддӣ бо номи “Коррупсия” бештар машҳур аст, барои баъзе мансабдорон, хоса барои раисони порахӯр балои ҷон гаштааст, зеро ин ниҳод амалҳои ғайри қонунии чунин афродро фош намуда, онҳоро аз даромади муфт бе насиб ва ба гирдоби бало гирифтор месозад.

Суҳроб Муродов аз ҳамин қабил мансабдорон буда, аз ҷониби оҷонси мубориза бо фасод барои заминфурӯшӣ дастгир карда шудааст...
Раиси Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён Суҳроб Муродов аз тарафи Оҷонси зидди фасоди молӣ барои ришваситонӣ боздошт шудааст. Ба гуфтаи манбаъ, боздоштшуда бар асоси қарори маҷлиси вакилони Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба вазифаи раиси ҷамоти деҳот таъйин гардида, ҳангоми адои вазифа ба ҷиноят даст задааст.

Раис бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд “А” даромада , барои ҷудо намудани 0,04 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз ҳудуди заминҳои хоҷагии ба номи “Д. Нуриддинов”-и ҷамоати мазкур 15000 сомони гирифта, барои дигар ҳуҷҷатгузорҳо боз 20000 сомонӣ талаб намудааст.

Раиси порахӯр вақти гирифтани 20 000 сомонӣ аз ҷониби кормадони агентӣ дар утоқи кориаш дастгир ва маблағи мазкур ҳамчун далел аз ӯ дарёфт шуда, нисбати Муродов бо моддаҳои 247, қисми 4, банди "б" ва 338 иловаи 1, қисми 2, бандҳои "а" "в"-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст.

Дар сурати исбот шудани гуноҳаш дар суд ба ин раиси баднафс ҷарима дар ҳаҷми аз 87 то 131 ҳазор сомонӣ ё маҳрумият аз озодӣ ба мӯҳлати то дувоздаҳ соли зиндон таҳдид менамоянд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД