Салом хонандагони «Оила»! Аз гиря чашмонам варам кардааст, намедонам дарди диламро ба кӣ бигӯям, аз ҳамин хотир ба саҳифаи «Муҳоҷир» мактуб навиштам.
Шавҳарам вақтҳои охир доим ғамгин аст, бо аҳли оила гап намезанад, шабҳо хоб надорад, соатҳо ба як нуқта назар карда дар бораи чизе фикр мекунад. Ҳар хел одамони ношинос занг зада ӯро бештар асабӣ мекунанд. Метарсам, ки мардаки содадили ман ба доми қаллобон афтида ба кадом гурӯҳи ифротӣ дохил нашуда бошад. Чанд маротиба кӣ будани одамони занг мезада ва чӣ хостанашонро пурсон шудам, вале ба ҷойи ба саволам ҷавоб додан шавҳарам маро дашномҳои болохонадор дода аз наздаш ронд. Пештар ягон вақт «гум шаву дафъ шав» барин калимаҳоро ба забон намеовард, намедонам ба ӯ чӣ шудааст, ки акнун аз забонаш мудом заҳр меборад. Дар зиндагӣ аз чизе кам нестем, хонаву дар, мошину боғу роғ, ҳавливу заминҳои кишту кор, хулоса ҳама нозу неъмати дунёро дорем, аммо ин ҳама дороӣ ба назарам наменамояд. Метарсам, ки шавҳарам худкушӣ карда, худро аз байн набарад. Яқин аст, ки аз бепулӣ ба чунин стрес гирифтор гаштааст. Охир роҳҳо махкам, каронавируси лаин ба нони хӯрдан зорамон намуд. Намедонам сарамро ба кадом дар занам! Маслиҳатам диҳед, чӣ кор кунам?
Баргигул, хонандаи «Оила»