Александр Бастрыкин, раиси Кумитаи тафтишотии Россия, дар як изҳороташ аз 5 маротиба афзоиш ёфтани парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд, хабар дод.
"Омори афзоиши ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ки аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ содир шудаанд, боиси ташвишу нигаронӣ аст. Соли гузашта 893 парвандаи ҷиноятӣ баррасӣ шудааст, ки аксаран ҷиноятҳои вазнин аз қабили куштор, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки бо марги ҷабрдида ба анҷом расидааст, мебошанд. Ин рақам нисбат ба соли пешин 5 маротиба бештар аст”, - гуфтааст ӯ зимни суҳбат бо “Интерфакс”.
Ба зикри ӯ, ҷанҷолҳои гурӯҳӣ, ки дар ҷомеа шӯру шари зиёдеро ба бор меоранд, дар байни муҳоҷирон тез-тез сар мезананд. Аксаран чунин ҷиноятҳо аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатие, ки аз Осияи Миёна меоянд, содир карда мешаванд.
"Масалан ҳафтаи гузашта дар пойтахти кишвар яке аз ташкилкунандагони чунин бетартибиҳо бо 5 нафар аъзои дастааш дастгир карда шудд. Онҳо ба хотири худро қаҳрамон нишон додан ба одамони бегуноҳ ҳамла карда, бераҳмона лату кӯбашон мекарданд. Ҳамаи 6 нафар боздоштшудагон зодагони Осиёи Миёна буда, тамоми авбошиҳояшонро ба навор гирифтаанд ва ин навори видеоиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Аксаран пиронсолон ва шахсоне, ки имкони аз худ дифоъ карданро надоранд, қурбони чунин авбошон мешаванд”, - гуфт Бастрыкин.
Ба қавли раиси кумитаи тафтишотии Россия, аз ҷониби муҳоҷироне, ки дар қаламрави Россия ғайриқонунӣ зиндагӣ мекунанд, бештар ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ дошта содир карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ дар соли 2022 ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 4 729 хабар дар бораи содир шудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони хориҷӣ ворид шуда, аз рӯйи онҳо 4 231 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст, ки нисбати соли 2021 се маротиба бештар аст.
Ба гуфти Александр Бастрыкин, итоат накардан ба кормандони пулис ва ҳамлаи муҳоҷирон ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рӯ ба афзоиш оварда, ҳамчунин шумораи парвандаҳо барои содир кардани ҷиноят алайҳи далхнопазирии ҷинсӣ низ зиёд шудааст.