Кормандони милитсия 292 адад силоҳи оташфишонро пайдо ва мусодира карданд
Кормандони милитсия тӯли шаш моҳи соли 2026 дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ 292 адад силоҳи оташфишонро пайдо ва мусодира намудаанд. Дар ин бора дирӯз, 21-уми июл вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Тибқи иттилоъи вазир, дар ин давра дар ҷумҳурӣ 41 ҷинояти вазнини одамкушӣ, 18 ҳолати роҳзанӣ, 46 ҳодисаи ғоратгарӣ, 13 ҳолати таҷовуз ба номус, 53 ҳодисаи қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, 743 авбошӣ, 17 ҳолати тайёр кардани силоҳ ва 5 ҳодисаи одамрабоӣ ошкор карда шудааст.