formula feb 2025
Корманди милитсия дар 20 ҳазор доллар пора гирифтан гумонбар дониста мешавад
657

Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия нисбати як корманди Раёсати ВКД дар Хатлон барои пора гирифтан парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ӯ аз як шаҳрванд барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсе 20 ҳазор доллар талаб кардааст.

Бино ба иттилои манбаъ, Назаров Ф. З., ваколатдори оперативии шуъбачаи мубориза зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири қисми минтақавии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон буда, бо истифода аз мақоми хидматӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд Х. М. даромада, аз номбурда бо ваъдаи қатъ

кардани парванда ва аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани бародараш М. К., ки парвандаи ҷиноятии ӯ дар истеҳсолоти кормандони ШВКД дар ноҳияи Хуросон мавриди тафтиши пешакӣ қарор дошт, 20 000 доллари ИМА талаб карда гирифтааст, вале баъди гирифтани маблағ кореро анҷом надодааст.

Мақомот алайҳи Назаров бо иттиҳоми қаллобӣ бо қисми 4-и моддаи 247-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, пас аз тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристодаанд. Тибқи ин банди қонун ҷарима ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 12 сол пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД