Оҷонси мубориза бо фасод дар рӯзи чоруми даъвати баҳорӣ як мансабдори баландмақоми Гвардияи миллии Тоҷикистонро барои талаб намудани 25 ҳазор сомонӣ барои ғайри қобили хидмат дониста шудани як даъватшаванда гумонбар мешуморад.
Манбаъ имрӯз , 4 апрел дар сомонаи расмии худ хабар додааст, ки “ Муовини командири қисми ҳарбӣ- сардори тиббии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон Охунов Маҳмади Қурбонович ба боварии шаҳрванд “А” даромада , барои ноқобил донистан ба хизмати ҳарбӣ ва бо ҳамин роҳу усул озод намудан аз хизмати ҳарбӣ ва аз ӯ 25 ҳазор сомонӣ маблағ талаб намудааст.”
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ- тафтишотӣ номбурда баъди гирифтани маблағ ба миқдори 23 ҳазор сомонӣ аз шаҳрванд “А” дар ҳуҷраи ултрасадоии бинои тиббии Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ дастгир гардида , маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъи ёфта гирифта шуд,- навиштааст Агентӣ.
Гуфта мешавад, ки нисбати Маҳмади Охунов бо моддаҳои 32 қисми 3 ( тайёри ба ҷиноят, сӯиқасди ҷиноят) ва 319 қисми 1 ( аз ҷониби шахси мансабдор гирифтани пора) Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол гардид.