toyota motors
Корфарморо бо силоҳи шикорӣ парронда, ҷасадро дар чарогоҳ зери хок кардааст...
14.05.2026
Oila.tj
75

Аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ як далели содир намудани ҷинояти одамкушӣ бо истифода аз силоҳи шикорӣ ошкор ва ба қайд гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, гумонбаршуда Исамурадов Юсуфбек Буриевич, соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба ҳайси чӯпон фаъолият мекардааст, бо корфармо Раҳмонов Илҳомҷон Муҳаммадович, соли таваллудаш 1991, сокини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар заминаи пардохти музди меҳнат муноқиша карда, бо истифода аз силоҳи шикории суфтамил шаҳрванд Раҳмонов Илҳомҷонро парронда ба ҳалокат расонидааст.

- Ин ҳодиса санаи 10-уми майи соли 2026 тақрибан соатҳои 19:00 дақиқа дар заминҳои чарогоҳи деҳаи Эсанбой содир шуда, гумонбар барои рӯйпуш кардани ҷинояти содиркардааш ҷасади Раҳмонов Илҳомҷонро дар чарогоҳ зери хок намудааст,- меафзояд манбаъ.

Дар натиҷаи доир намудани коркардҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷиноят ошкор ва гумонбар боздошт гардидааст.

Гуфта мешавад, ки айни ҳол гумонбаршуда Исамурадов Юсуфбек дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ тибқи талаботи моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД