Sebiston new 2024 october
Кордзанӣ дар маҳаллаи Зарафшон
1497

Бузургтарин душмани инсон ин қаҳру ғазаби худи ӯст.

Шахсе, ки аз ӯҳдаи идора кардани қаҳру ғазаби худ набармада, мисли даррандагон бо сар задани каме нофаҳмӣ ба ғӯрридан даромада, ба рақибаш ҳамла мекунад, натанҳо ба сари дигарон, балки ба сари худ низ балову мусибатҳои зиёдеро меорад. Ҳодисае, ки рӯзи гузашта дар маҳаллаи Зарафшони пойтахт сар зад, далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз сар задани як ҳодисаи хунин дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе хабар додааст. Тавре, ки манбаъ мегӯяд, санаи 23-январ, тахминан соатҳои 10.30 –и рӯз як ҷавони 23-солаи сокини пойтахт дар назди бинои истиқоматиашон воқеъ дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе аз ҳиссиёти авбошӣ бо марди 32-солаи сокини шаҳри Ваҳдат ҷангу ҷанҷол намуда, дар рафти ин муноқиша рақибашро корд задааст.
Ҷабрдида бо ҷароҳати ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуд, ҷавони кордкашро бошад, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дасгир намуда, ба дастонаш завлона заданд. Дар сурати исбот шудани гуноҳаш ин ҷавони беандеша чанд соли умри азизашро дар пушти панҷараи зиндон сипарӣ хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД