Formula novemver 2024
Корд дар хоб чӣ таъбир дорад?
4807


Салом. Ман зан ҳастам ва бисёр вақт корд хоб мебинам. Шаби гузашта низ хоб дидам, ки шахси ношиносе маро чанд корд зад ва сахт захмӣ шудам.

Метарсам, ки ба сарам ягон фалокати бузург наояд. Илтимос, бигӯед, ки таъбири хоби ман чист?
Мадина, муштарии Оила. ТҶ

Посух

Хоб дидани корд ва хун нороҳаткунанда аст, вале дар асл чунин хоб рамзи сар задани ягон фалокат ё фоҷиа нест. Корд дар хоб таъбирҳои гуногун дорад.

Тавре ки дар хобномаҳо омадааст, корд дар хоб рамзи ҳимоя аз душманон мебошад. Шахсе, ки ба ягон моҷаро ё кашмакаши судӣ гирифтор аст, агар хоб бинад, ки касе ба ӯ корд туҳфа кардааст, масъала ба фоидааш мешавад, агар дар зиндон бошад, озод мешавад.

Одаме, ки ягон мушкилоти судӣ надорад, чунин хоб бинад, аз ягон сарчашмаи ногаҳонӣ даромади калони пулӣ ба даст меорад ва вазъи молиявиаш хуб мешавад.
Кас хоб бинад, ки худаш бо корд тасодуфан дасташро буридааст, хабаре мешавад, ки ӯро дар ҳайрат хоҳад гузошт.Аммо хоб дидани корди хунолуд чандон хуб нест. Чунин хоб як навъ огоҳист, ки шахси хобдида эҳтиёткор бошад, то ки ба ягон ҳодисаи нохуш гирифтор нагардад.

Дар баъзе хобномаҳо кордро нишонаи сар задани моҷарои оилавӣ гуфтаанд. Хоб бинед, ки касе бо корд ба шумо ҳамла карда истодааст, эҳтиёт бошед, зеро таъбираш он аст, ки касе ба шумо бадӣ кардан мехоҳад ё ба доми фиреб гирифтор мешавед.

Дар хобатон яке аз наздиконатон шуморо корд занад ё бо корд ба шумо ҳамла кунад, аз одамони наздикатон хиёнат мебинед.

Кас хоб бинад, ки ба дилаш корд задаанд, дар ҷодаи ишқу муҳаббат ба нокомӣ гирифтор мешавад.
Захми корд хӯрдан дар хоб метавонад рамзи душвориҳои зиндагӣ низ бошад. Аммо хоб бинед, ки худи шумо касеро корд задаед, агар шахси кордзадаатон ифлос ва баднамуд бошад, аз беморӣ раҳоӣ меёбед, вале зебою хушандом бошад, соҳиби мансаби баланд мегардед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД