Дар шаҳри Душанбе ба муносибати 27-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ чандин барномаҳои фарҳангию консертӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор мегарданд.
Раиси шаҳри Душанбе мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин хусус аллакай қарори далхдорро имзо намудааст. Мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 27- июн Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил карда мешавад. Дар ин рӯз дар чор ноҳияи пойтахт, бахусус дар боғҳои фарҳангу фароғатии Душанбе базмҳои идона, нишасту ҷамъомадҳо ва дигар барномаҳои гуногуни консертӣ ва фарҳангию варзишӣ гузаронида мешаванд.
Хотиррасон мекунем, ки дар Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар саросари ҷумҳурӣ чунин чорабиниҳои идона доир мегарданд.
Имсол ба ифтихори Рӯзи Ваҳдат сокинони кишвар 4 рӯз аз 27 то 30 июн истироҳат хоҳанд кард.