1xbet
Консерти ҳунармандони ҳиндӣ дар Истаравшан
106

Бахшида ба 79-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Ҳиндустон дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан бо иштироки сарояндагону ҳунармандони ҳиндӣ консерти идона баргузор гардид.

Барномаи фарҳангӣ аз ҷониби Сафорати Ҳиндустон дар Душанбе ва Маркази фарҳангии Свами Вивекананда доир гашт, ки дар он гурӯҳи рақсии Сафири Криешн (“Sapphire Creations Dance Company”) бо рақсу таронаҳои ҷолиб хотири сокинону меҳмонони Истаравшанро шод намуданд.

Оҳангҳои шӯху ҷаззоб, рақсҳои миллӣ ва суруду таронаҳои рангоранги ҳунармандони ҳиндӣ воқеан фазои идона дошт. Тамошобинон ва дӯстдорони таронаҳои ҳиндӣ баргузории чунин чорабинии фарҳангиро далели дӯстӣ, сулҳу субот ва тинҷиву оромии ду кишвари ба ҳам дӯст арзёбӣ карданд.

Намояндагони Сафорати Ҳиндустон аз истиқболи гарми сокинони Истаравшан изҳори сипос намуда, таъкид намуданд, ки робитаҳои фарҳангӣ дар таҳкими дӯстии ду кишвар нақши муҳим мегузоранд.

Чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби гурӯҳи рақсии Сафири Криешн нахуст 18-ум август дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар, 19-уми август дар Қасри фарҳанги шаҳри Истаравшан баргузор гардид. Консерти идона имрӯз дар Кохи Суруши пойтахт соати 18:00 баргузор мегардад.

Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД