Манижа Сангин тасмим дорад, ки бори аввал дар Душанбе консерт диҳад. Қарор аст, ки консерти Манижа рӯзи 9-уми октябр дар пойтахти кишвар баргузор шавад. Ин барномаи Манижа дар доираи як сафари ҳунарияш ба 6 кишвар доир мешавад.
Бонуи ҳунар дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки аз моҳи сентябр ба сафари ҳунарӣ мебарояд ва дар Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳам консерт барпо мекунад. Ин барномаашро Манижа “Сафари бекорнашаванда” номидааст. Манижа дар саҳифааш гуфтааст, ки мусиқиро манъ кардан номумкин аст.
Даромад аз ин консерти ӯ ба бунёди овозхон равона мешавад. Бунёди ӯ «Силсила» ном дорад ва ҳадафаш кумак ба қурбониёни хушунат дар миёни муҳоҷирону паноҳандаҳо аст.
Ин овозхони тоҷиктабори шаҳрванди Русия моҳҳои охир мисли аксар дигар ҳунармандони рус барои мухолифат ба ҷанги Украина дар феҳрасти сарояндаҳои “номатлуб” ҷой гирифта, ташкили консерту ширкаташ дар чанд озмуни мусиқӣ дар ин кишвар манъ шуд. Мақомоти Русия консерти ӯро, ки қарор буд моҳи июл дар Маскав баргузор шавад, манъ карданд. Аммо ин овозхон барои мухлисонаш дар “Ютюб” консерти онлайние бо номи “Мусиқии лағвнашаванда” ташкил кард.
Ёдовар мешавем, ки Манижа Сангин, тоҷикдухтари ҷавону боистеъдод соли гузашта бо суруди “Зани рус” Федератсияи Русияро дар озмуни “Евровидение-2021” дар миёни 41 кишвар муаррифӣ кард ва ба даҳгонаи беҳтаринҳо шомил шуд.