Ҳукумати Русия нақшаи татбиқи Консепсияи сиёсати давлатии муҳоҷиратро барои солҳои 2024-2025 тасдиқ намуд, ки зиёда аз 40 чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад.
Дар доираи консепсияи мазкур барои шаҳрвандони хориҷие, ки бо мақсади машғул шудан бо фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Русия меоянд “Ёддошт дар бораи қоидаҳои рафтор дар Россия” нашр ва паҳн карда мешавад.
Маводи иттилоотӣ дар бораи қоидаҳо ва меъёрҳои рафтор дар ҷомеаи Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ бо истифода аз имкониятҳои платформаи рақамии равандҳои муҳоҷират ва захираҳои меҳнатӣ паҳн карда мешаванд. Интизор меравад, ки ин тадбир сатҳи огоҳии хориҷиёнро дар бораи қоидаҳои зисту зиндагӣ дар хобгоҳ ва дар маҷмӯъ дар ҷомеаи Русия баланд мебардорад.
Илова бар ин, дар ин консепсия ташкили механизми расонидани огоҳинома дар бораи вуруд ба Русия тавассути профили рақамӣ, бидуни гирифтани раводид пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷати мазкур бар замми ин, боз чанд масъаларо дар бар мегирад:
1. Ба шаҳрвандони хориҷӣ додани ҳуқуқи тағйир додани ҳадафҳои будубоши худ дар Русия бидуни берун шудан аз қаламрави кишвар бо супурдани боҷи давлатӣ.
2. Бақайдгирии шаҳрванди хориҷӣ дар системаи ягонаи биометрӣ дар ҳолати берун аз Федератсияи Россия қарор доштани шахс тавассути замимаи махсуси мобилӣ.
3. Таъмини бехатарии интиқоли маблағҳои пулӣ, аз ҷумла тавассути бонкҳо.
4. Таъсиси механизми релокатсия, ки ба хориҷиён имкон медиҳад дар қаламрави Русия ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шаванд, инчунин ба онҳо дар кӯчидан, кӯчонидани дороиҳои тиҷоратӣ ва ташкили равандҳои тиҷоратӣ кӯмак расонидан.
5. Зиёд намудани намудҳои раводид, ки дар шакли электронӣ дода мешаванд, аз ҷумла раводидҳои корӣ ва таълимӣ. Тартиб додани рӯйхати кишварҳое, ки барои шаҳрвандони онҳо гирифтани раводиди ягонаи электронӣ дастрас аст.
6. Зиёд кардани шумораи хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ дар донишгоҳу донишкадаҳои олӣ ва муассисаҳои таҳсилоти касбии Россия.
7. Фароҳам овардани шароитҳои иловагӣ барои шахсоне, ки ба Россия паноҳ меоранд ва бартараф кардани камбудиҳои қонунгузорӣ дар соҳаи паноҳандагӣ.
Дар маҷмӯъ нақшаи дусола зиёда аз 40 чорабиниҳои гуногунро дар бар мегирад, ки аз рӯи шаш бахш гурӯҳбандӣ шудаанд.
Дар баробари ин, консепсияи сиёсати муҳоҷиратии Федератсияи Россия барои солҳои 2024-25 сахттар кардани сиёсати муҳоҷиратро дар назар дорад. Дар он аз ҷумла бастани дороиҳои шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар фаъолияти террористӣ даст доранд ва таҳияи пешниҳодҳо оид ба баланд бардоштани масъулияти хориҷиён барои вайрон кардани қонунҳои Русия дар назар дошта шудааст.