Комилҷон Зарипов аз ҷумлаи сарояндагони боистеъдоду асилест, ки дар хунаш ҳунар нуҳуфтаву дар қалбаш меҳри суруду мусиқӣ бо шири модар ва истеъдоди зотии падари ҳунармандаш Қобилҷон Зарипов маъво гирифтааст.
- Тавре медонем, шумо дар ширкати “Вавилон” кор мекунед. Аз куҷо вақт меёбед, ки тарона эҷод кунед?
-“Барои як мард чил ҳунар кам аст” мегӯянд. Ҳамааш аз худи инсон вобастагӣ дорад. Агар вақтро дуруст тақсим карда тавонӣ, барои ҳама кор вақту имкон ёфтан мумкин аст.
-Агар падаратон тарки саҳна кунанд, худро танҳо ҳис мекунед?
-Падарам барои ман пушту паноҳи бузург ҳастанд. Имрӯзҳо аллакай дар танҳоӣ ба тӯю маъракаҳо рафтанро одат карда истодаам. Аммо бо падар будан ифтихор аст.
-Мебинем, ки ба Ӯзбекистон сафарҳои ҳунарӣ карда истодаед. Назари мардуми ҳамсоякишвар нисбати санъати тоҷик чӣ гуна аст?
-Шукрона мекунем, ки на танҳо ба мардуми тоҷик, балки берун аз кишвар низ хизмат карда истодаем. Ин барои мо мояи ифтихор аст. Дар Ӯзбекистон нисбати ҳунармандони тоҷик иззату эҳтироми хос доранд.
-Боре дар ягон тӯй ройгон хизмат кардаед?
-Бале, дар чандин тӯю маъракаҳо ҳамроҳи падар ройгон хизмат кардаем. Инчунин дар ятимхонаҳо низ консерти ройгон додаем. Ҳар гоҳе дар ятимхона консерти ройгон медиҳем, Худованд ба мо файзу баракат ато мефармояд.
-Дар охир мегуфтед, ки барои мухлисонатон чӣ “сюрприз” доред?
-“Сюрприз”-и ҳар як ҳунарманд ин клипи наву ҷолиб аст. Худо хоҳад, ба наздикӣ мо ҳам ба мухлисон клипҳои навро пешниҳод мекунем.
Мусоҳиб: Меҳроншоҳ Усмонзода