Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта зане бо номи Комила тифлеро ба дунё овардааст, ки 8 пову даст дорад. Вазни тифли навзод 3 килограмм буда, новобаста ба 8 пою даст доштанаш саломатиаш хуб аст...
Ин ҳодиса дар иёлоти Уттар-Прадеши Ҳиндустон рух дда, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта тифле бо ҳашт пову даст таваллуд шудааст. Модари тифлак, ки Комила ном дорад, рӯзи шанбеи гузашта тифли вазнаш се килограммро ба дунё овард. Тавлиди ин тифл, ки дар ишкамаш дасту пойҳои иловагӣ дорад, дарҳол боиси ҳангомаву овоза шуд. Бо вуҷуди ин, саломатии уву модараш хуб аст. Азбаски мардуми ҳинд тавлиди чунин тифлаконро муъҷиза мешуморанд, барои зиёрати тифлаки булаҷаб аз тамоми гӯшаву канори Ҳиндустон меоянд. Аксарият тифлаки мазкурро таҷассумгари олиҳаи фаровонӣ, шукуфоӣ, сарват ва бахту барор Лакшми мешуморанд.