Коллаген рӯйро аз доғ, доначаҳо ва осори захм (шрам) тоза карда, ожангҳои рӯйро дар муддати кӯтоҳ несту нобуд месозад...
Дар ибтидо коллаген ва кислотаи гиалуронӣ дар тиб дар шакли сӯзандоруҳо истифода мешуданд. Онҳоро ҳамчун як қисми табобати комплексии бемориҳо ва ҷароҳатҳои буғумҳо истифода мебурданд. Аммо баъдтар косметологҳо ин маҳлулро барои нест кардани ожангҳои рӯй истифода карда, мушоҳида намуданд, ки барои пӯсти рӯй хеле муфид аст.
Имрӯз коллаген ва кислотаи гиалуронӣ ҳамчун омилҳои асосии зебоӣ барои суст кардани раванди пиршавию нигоҳ доштани ҷавонӣ ва зебоии пӯст, мӯй ва нохунҳо истифода мешаванд.
Дар пӯст коллаген муҳимтарин протеин аст, ки ҷавониро нигоҳ медорад. Пӯсти рӯйро таркиби оптималии коллаген ҳамвор, солим ва ҷавон менамояд.
Коллаген дорои қобилияти баланди ҷалби намӣ буда, барои муддати тӯлонӣ пӯстро бо намнокӣ таъмин мекунад. Коллаген инчунин ба барқароршавии самараноки пӯст мусоидат мекунад ва метавонад онро дар ҳолати микрозарар зуд барқарор намояд.
Коллаген барои муддати дароз нигоҳ доштани ороиш кумак мекунад. Онро метавонед шабона пеш аз хоб ё ҳангомаи ороиш кардан ба рӯятон молед ва аз болояш маводи ороишӣ истифода баред. Ин тарзи ороиш муддати дароз дар рӯй меистад ва дар ҳавои гарм об намешавад.
Коллаген ба пӯсти рӯй чӣ фоида дорад?
Ба пешгирии пиршавии бармаҳали пӯст мусоидат мекунад. Ожангҳои рӯйро дар муддати кӯтоҳ нест мекунад.
Витамини С бо коллаген чӣ иртибот дорад?
Ҳангоми набудани витамини С, равандҳои гидроксилизатсияи проколлаген ва ташаккули спирали сегонаи сафедаи коллаген вайрон мешаванд ва дар пӯст норасоии гиалурон ба амал меояд, ки боиси бад шудани ранг ва ҳолати он мегардад.
Кислотаи гиалуронӣ. Ҳангоми молидан он ба пӯсти рӯй тароват мебахшад ва намӣ аз он мегузарад.
Ҳолати пӯстро беҳтар мекунад, бофтаҳоро нарм месозад.
Таркиби ҳуҷайраҳоро нав мекунад, ба барқароршавӣ ва афзоиш мусоидат менамояд.
Пӯстро чандир мегардонад ва ба пиршавӣ муқобилат мекунад.
Коллагени гидролизшудаи баҳрӣ. Пӯсти рӯйро ҷавон мекунад ва фаъолияти ҳуҷайраҳоро ба эътидол меорад.
Беобшавиро пешгирӣ мекунад, намиро дар пӯст нигоҳ медорад, пажмурда шуданро пешгирӣ менамояд.
Тарзи истифодабарии коллаген
Пӯсти рӯятонро тоза бо оби ширгарм шӯед ва коллагенро молед. Пасон, бо роҳи маҳскунӣ коллагенро ба пӯстатон молида истода, паҳн намоед.