arzon replenishment
Коинот дар хоб чӣ таъбир дорад?
2156

Ман дишаб хоб дидам, ки ба кайхон баромадаам. Мехоҳам таъбири хобамро донам.

Рустам, муштарии "Оила"

Ба коинот баромадан дар хоб фоли нек буда, аз он дарак медиҳад, ки дар ҳаёти шахси хобдида давраи нав ва бисёр муҳим оғоз меёбад. Эҳтимол қароре қабул мекунед, ки зиндагии шуморо комилан дигаргун намуда, барои ояндаи дурахшонатон заминаи устуворе мегузорад. Ин хоб метавонад пайки хуше аз ҳаёти серу пур ва хушбахтии бузурге бошад, ки насиби шахси хобдида хоҳад гашт.

Хоб бинед, ки ба кайҳон баромада, дар байни сайёраву ситораҳо парвоз карда истодаед, дар ҷойи коратон ба муввафақияти бузурге ноил мегардед ё соҳиби ягон вазифаи баланд мешавед.

Таъбири хоб ба ҷинсияти шахси хобдида низ алоқамандӣ дорад. Духтари ҷавон хоб бинад, ки дар коинот парвоз карда истодааст, дар ҳаёташ ягон ҳодисаи хурсандиовари ғайриинтизор рӯй дода, хушбахт мешавад. Чунин хоб метавонад нишонаи саргум задан дар ишқ низ бошад, яъне зан наметавонад аз байни чанд марде, ки ӯро талабгор ҳастанд, якеро интихоб намояд ва гӯё дар осмон парвоз мекунад.

Мард хоб бинад, ки ба кайҳон баромадааст, доираи ошноҳояш васеъ гашта, бо одамони номдоре дӯстӣ пайдо мекунад, ки барои амалӣ гаштани нақшаҳо ва амалӣ гардонидани орзуҳояш кӯмак мерасонанд.

Чунин хоб дидани мард метавонад ҳамчунин пайки ошноӣ бо зани бениҳоят зебое бошад, ки шахси хобдида аз ишқи ӯ сари калобаашро гум карда, гӯё бе пару бол дар осмон парвоз мекунад.

Дар баъзе хобнома омадааст, ки коинот дар хоб аз худхоҳӣ дарак медиҳад. Шахсе, ки чунин хоб дидааст, кӯшиш мекунад чизҳоеро ба даст оварад, ки расидан ба онҳо бениҳоят душвор буда, ҳатто ғайри имкон менамояд. Ин хоб метавонад як навъ огоҳӣ бошад, ки пеш аз ба кори бузурге даст задан, кас бояд аввал хуб андеша кунад, ки қудрату имконияти анҷом додани онро дорад ё не.

Аммо дар хобатон шуморо зӯран ба коинот равон кунанд, ин чандон фоли хуб нест. Шахсе, ки чунин хоб мебинад, бояд эҳтиёт бошад, зеро эҳтимоли сар задани ягон ҳодисаи нохуш ё шунидани хабаре бошад, ки боиси нороҳатӣ мегардад.

Дар маҷмӯъ коинот дар хоб хуб буда, аз рушди шахсияти инсон, оғози як давраи нави бисёр муҳим дар ҳаёти шахси хобдида, амалӣ гаштани нақшаҳои бузург ва орзуҳои ширин ё рӯҳан ба офаридгор наздик шудан ва васеъ гаштани доираи ҷаҳонбинии шахс дарак медиҳад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД