sebiston july new
КӮМАКИ САРИВАҚТӢ БА ТОҶИКИСТОН АЗ ҶОНИБИ ОҒОХОН
7100

Як рӯз қабл ба Тоҷикистон 509, 28 тонна картошка аз фонди Оғохон ворид гардид.

Аз фонди Оғохон ба Тоҷикистон 509, 28 тонна тухмии картошкаи репродуксионии навъи «Бигроза» ва 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид карда шуд. Дар ин бора Вазорати кишоварзӣ хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ аз ин миқдор тухми, хоҷагиҳои вилоятҳои Суғд 118, 780 тонна, Хатлон 705, 50 тонна, Бадахшон 208 тонна ва водии Рашт 107 тонна дастрас намуд.

Инчунин аз тарафи Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО ООН) ба мамлакат 80 тонна картошкаи тухмии навъи «Ред скарлет» ворид гардид, ки 30 тонна ба ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд ва 50 тонна ба ноҳияҳои водии Рашт фиристода шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД