formula
Кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ӯзбекистон
935

 

Санаи 20 майи соли равон бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути қатораҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони офати табиӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон интиқол дода шуд.

Кӯмаки дӯстонаро намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Захираҳои моддии Суғд» ба роҳбарияти вилояти Сирдарёи Ӯзбекистон тақдим доштанд.

Анвар Яъқубӣ – муовини Раиси вилоят ин иқдоми дӯстонаро баёнгари рӯҳияи баланд ва неки мардуми ду кишвари бо ҳам дӯст ва нишонаи возеҳи шарикии стратегии ин ду кишвар арзёбӣ намуд.

Кӯмаки дӯстона баҳри бартараф намудани оқибати офати табиӣ, ки дар натиҷаи он обанбори Сардобини вилояти Сирдарё канда шуда, хисороти зиёд ба бор оварда буд, равона мегардад.

Мавриди зикр аст, ки кӯмаки дӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 51 қатораи боркаш иборат буда, асосан масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла семент, бомпӯш (шифер), рангу мех ва дигар лавозимоти заруриро дарбар мегирад.

Тазаккур бояд дод, ки чанде қабл Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев марбут ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар вилояти Сирдарёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳамдардии амиқи мардуми Тоҷикистонро баён дошта буданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД