Хазинаи Нуфуси СММ ва Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо дар Тоҷикистон ба паноҳандагони афғон, ки дар кишвари мо паноҳ ёфтаанд, бо дастгирии молиявии Ҳукумати Британияи Кабир 1080 бастаҳои гигиенӣ ва 80 дастаи дигар хӯрокворӣ пешниҳод мекунанд.
Дар чорабинии имрӯза, ҷаноби Пол Роббинс, роҳбати минтақавии Фонди Ҳукумати Британия оид ба пешгирии низоъ, пешбурди субот ва амният дар ОМ, ҷаноби Ю Ю, намояндаи UNFPA, Нагрис Раҳимова, роҳбари намояндагии Хазинаи Нуфуси СММ дар Тоҷикистон, Роза Минасян мушовир оид ба масъалаҳои ҳифзи байналмиллалӣ, Намояндагии Комиссари Олии СММ оида ба гурезаҳо дар Тоҷикистон, ҷаноби Абдумусавир Баҳодурӣ, намояндаи ҷамъияти гурезаҳои афғон “Ориёно” дар Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки аз ҳафтаи навин ин кӯмакҳо ба ниёзмандон аз миёни гурезаҳои афғон расонида мешавад.
Бастаҳои гигиенӣ иборат аз ашёҳои лозимӣ ба монандӣ шутка, хамираи дандоншӯӣ, тагпӯш, риштаю сӯзан, шампун, собун, дастпоккунак, шона, хокаи либосшӯӣ, қоғази ташноб ва дигар чизҳои зарурӣ мебошад.
Дастгирии мазкур барои гурезагони афғон, махсусан занону кӯдакон муҳим ва саривақтист, зеро аксарияти онҳо дар шароити вазнин зиндагӣ мекунан. Барои оилаҳои осебпазири гурезаҳо, ки дар соли 2021 дар кишвари мо панаҳ бурдаанд, ин кӯмакҳо равона шудаанд.