Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин пешниҳод намуд, ки баъзе табақаҳои шаҳрвандон тибқи қонун аз шаҳрвандии Россия маҳрум карда шаванд. Ин пешниҳоди президент ба киҳо дахл доранд?
Тавре ки Спутник менависад, тафсилоти тарҳи пешниҳодкардаи президенти Россия дар бораи маҳрум кардан аз шаҳрвандии ин кишвар айни замон дар Думаи давлатӣ қарор дорад. Дар тарҳи пешниҳод кардаи президент Владимир Путин ҳолоатҳое мушаххас карда шудаанд, ки дар сурати рух додани он шаҳрвандии додашуда лағв, яъне бекор карда мешавад.
Бар асоси тарҳи мазкур, ки дар хониши аввал қабул шуда дар Думаи давлатӣ қарор дорад, дар ҳолатҳои зерин шахсоне, ки аллакай шаҳрвандии Росияро доранд, шаҳрвандии ин кишварро аз даст медиҳанд:
1. Паҳнсозии маълумоти бардурӯғ ва ё бадном кардани Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Рссия
2. Даъват ба муқобили тамомияти арзии Россия
3. Сӯиқасд ба ҷони ҳаёти ходими давлатӣ
4. Даъвати оммавӣ ба ифротгароӣ
5. Таҳқири парчам ва нишони давлатии Россия
6. Ташкили исёни мусаллаҳона бо мақсади зӯран тағйир додани сохти конститутсионии давлат
7. Вайронкорӣ, шиканҷа, авбошӣ, одамрабоӣ, тамаъҷӯӣ, ғоратгарӣ ва ғайриқонунӣ гирифтани силоҳ
Дар баробари ин бархе сабукиҳо низ барои гирифтани шаҳрвандии Русия пешниҳод гардидаанд, аз ҷумла зимни ироаи табааият ба наврасон. Президини Россия Владимир Путин хостааст гирифтани шаҳрвандии Русия барои кӯдакон осон карда шавад. Тибқи ин тарҳ салоҳиятҳои сарвари давлат барои муайян кардани категорияи шахсоне, ки ҳуқуқи гирифтани шаҳрвандии Русияро доранд, васеътар хоҳад шуд.