Arzon march 2024
Киҳо соҳиби унвону ҷоизаҳои давлатӣ шуданд?
468

Имрӯз дар Қасри миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд.

Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро ба муносибати 33-солагии ҷашни муқаддаси миллӣ - Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.

Баъди суханронии Сарвари давлат як гурӯҳи калони намояндагони фаъоли ҷомеа, кормандони касбу кори гуногун бо мукофоту ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз шуданд.

Ҳамин тавр, нависандаи номдор Мирзо Шукурзода бо унвони фахрии Нависандаи халқии Тоҷикистон, шоирони шинохта Қурбонов Хайриддин (Хайрандеш), Ҷумъа Қувват ва Сафарзода Давлат бо унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон, 4 кас бо унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, аз ҷумла Тоҷиддин Раҳимов ва Саидҷон Кенҷаев сарфароз гардонида шуданд.

Тибқи қарори Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистика дар соли 2024, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, 6 нафар бо ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ сарфароз гардиданд.

Ибодулло Машрабов, котиби Кумитаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ зимни суҳбат бо Oila.tj гуфт, Рустам Ваҳҳобзода дар бахши адабиёт барои маҷмуаи ашъори “Қаламрави меҳр”, Ҷӯрахон Обидпур дар бахши мусиқӣ барои “Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ”, Равшани Махсумзод дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон барои маҷмуаи “Кафшергар”, Абдураҳмон Абдуманнонов дар бахши публитсистика барои “Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик”, Носир Саид ва гурӯҳи офарандагони филми ҳунарии “Роҳ” дар бахши театр ва синамо ва Иосиф Брагинский пас аз марг дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриёти Русия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик бо ин ҷоиза қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд гуфт, ки Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷоизаи олии ҷумҳуриявӣ аст, ки барои комёбиҳои намоён дар соҳаҳои адабиёт, ҳунар ва меъморӣ эҳдо мешавад. Ҷоиза 2-юми январи соли 1963 таъсис ёфта, иттиҳодияҳои нависандагон, рассомон, оҳангсозон ва меъморони ҷумҳурӣ ба он беҳтарин асарҳоро пешниҳод месозанд ва баъди баррасии ҳамаҷониба барандагон эълон мегарданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД