arzon replenishment
Киҳо метавонанд барои харидани хона аз Амонатбонк қарзи ипотека бигиранд?
3211

Шахсоне, ки мехоҳанд соҳиби манзили шахсии худ гарданд, бо кумаки Амонатбонк ин орзуи хешро амалӣ сохта метавонанд. Бонк ҳамагӣ бо 18%-и солона бо пули миллӣ барои хариди хона ба муштариёнаш қарзи ипотека медиҳад.

Тавре Алиҷон Салимзода, раиси КВД БА ҶТ “Амонатбонк” имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj гуфт, “яке аз шартҳои асосӣ барои гирифтани қарзи ипотека доштани 30%-и маблағ барои харидани манзил мебошад. Амонатбонк нисбат ба дигар бонкҳо бо фоизи пасттар маблағҳои қарзиро барои хариди манзил пешниҳод менамояд. Соли 2024 фоизи қарз ба андозаи 2% паст карда шуда, ба хоҳишмандон бо 18%-и солона қарзи ипотека пешниҳод карда шуд ва 144 нафар бо кумаки ин бонк соҳиби хона гаштанд. Ҳангоми додани қарзи ипотека натанҳо музди меҳнат, балки дигар даромадҳои муштарӣ низ ба инобат гирифта мешавад”.

Дар идома Алиҷон Салимзода қайд кард, ки кӯшиш мекунанд минбаъд фоизи қарзи ипотекаро боз ҳам пасттар намоянд, то барои сокинони кишвар дастрас бошад.

Дар маҷмуъ, дар соли 2024 Амонатбанк ба шаҳрвандон ба маблағи 42 млн сомонӣ қарзи ипотека додааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД