Шахсоне, ки аз ҷойи корашон ихтисор шудаанд, ба гирифтани кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ ҳуқуқ доранд. Кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ ба андозаи 50%-и маоши ҳадди ақал муқаррар гаштааст ва он 400 сомониро ташкил медиҳад.
Ин нукта имрӯз зимни нишасти матбуотӣ дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.
Тавре масъулини агентӣ дар посух ба саволи хабарнигори сомонаи Oila.tj Фирӯза Сатторӣ дар мавриди кумакпулиҳои иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ гуфтанд, “кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ аз ҷониби Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисон тариқи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва идораҳои дахлдори зертобеъи он пардохт гашта, барои кормандони тамоми корхонаву ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ дастрас аст. Кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ ба андозаи 50%-и маоши ҳадди ақал муайян шудааст ва қаблан 300 сомониро ташкил медод. Пас аз 30% зиёд шудани маош андозаи маоши ҳадди ақал ба 800 сомонӣ расид ва акнун барои давраи бекорӣ 400 сомонӣ кумакпулии иҷтимоӣ дода мешавад. Шахсоне, ки бо сабабҳои аз худи онҳо вобаста набуда аз ҷойи корашон ихтисор шудаанд, сарфи назар аз он ки дар корхонаи давлатӣ кор мекарданд ё ғайри давлатӣ, ба кумакпулии иҷтимоӣ барои давраи бекорӣ дар ҳаҷми 400 сомонӣ ҳуқуқ доранд”.