Arzon march 2024
Киҳо донори хун шуда метавонанд?
19.06.2024
Махина
652


Салом! Ман мехоҳам ба одамони дар ҳолати вазнин қарор дошта ёрӣ расонида, хун диҳам.

Донистан мехоҳам, ки ҳар шахс донори хун шуда метавонад ё не?

Салима аз шаҳри Ҳисор

Посух

Ҳамасола Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии хун» бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии донорҳои хун дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ чорабиниҳои гуногун баргузор намуда, бо мақсади ҷалби бештари мардум ба донорҳои ихтиёрӣ вохӯриву мавшваратҳо мегузаронад.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 майи соли 2009 «Дар бораи донори хун ва ҷузъҳои он» ҳар шаҳрванди аз 18 то 65 сола, ки дар натиҷаи аз муоинаи тиббӣ гузаштан гирифторшавии ӯ ба бемориҳое, ки зидди нишондоди донорӣ мебошанд, ошкор нашудааст, донор шуда метавонад.

Ба сифати донор шахсоне дониста мешаванд, ки ҳадди ақал ҳар сол як ё ду маротиба хун ва ё ҷузъҳои онро месупоранд.

Шахсоне, ки новобаста аз собиқаи донорӣ: мардон на камтар аз 20 литр ва занон на камтар аз 15 литр хун ва ё плазма супоридаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ» барои гирифтани унвони фахрии «Донори ифтихории Тоҷикистон» пешниҳод карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД