Хабари зани дуюм гирифтани бобои Амон даҳон ба даҳон мегашт. Яке мегуфт, ки мӯйсафед дар дами пирӣ «девона» шудааст, дигарӣ ҳазл мекард, ки дар вақташ духтарбозӣ накарда, мардак қасдашро акнун аз зиндагӣ гирифтан мехоҳад, саввумӣ ин овозаю ҳангомаҳоро дурӯғ номида, даст меафшонд, ки кадом гӯрсӯхтае бобои Амонро туҳмат карда, дар дами пирӣ обрӯяшро резондан мехоҳад, вале…
Пирию хартозӣ
Дуздию ғарӣ паси саргини хар гуфтагӣ барин, ниҳоят ҳақиқат рӯйи об баромад. Маълум шуд, ки ҳангоматалабон беҳуда пичир-пичир намекунанд ва мӯйсафед дар ҳақиқат зан гирифтааст, зани ҷавони аз худаш қариб 40 сол хурд. Мардҳои дар ҳаваси зани дуюм сӯхтагӣ бобои Амонро таъриф карда мегуфтанд: Қандаша занад мардак!
Занҳои деҳа баръакс ба мӯйсафед нафрат пайдо карда, вақти ӯро дидан рӯяшонро мегардонданд ва зери лаб дуои бад мекарданд: Илоҳо ришат резад, пирхар, вақти мурданат расидааст, туро чию зангирӣ чӣ?! Мемурӣ, ки ба ҷойи бевабозӣ кардан худоро ёд карда, ба масҷид равӣ ва панҷ вақт намозатро хонӣ, ношуд…
Хоҳархонди маккора
Аввалҳо бобои Амон Маҳтобро хоҳархондам гуфта ба хона меовард. Холаи Бибираҷаб ҳамеша хоҳархонди шавҳарашро бо чеҳраи кушода, пешвоз гирифта, дар наздаш дастурхони пурнозу неъмат меорост. Маҳтоби маккора бо алам саргузашташро ба холаи Бибираҷаб нақл карда, оби дида мерехту дили зани содаю зудбовари деҳотӣ ба ҳоли ин ҷавонзани аз зиндагӣ наосуда месӯхт. Маҳтоб мегуфт, ки падару модараш замони кӯдакии вай ба садамаи автомобилӣ гирифтор шуда шаҳид шудаанд. Баъди сари водлидонаш амакаш ӯро ба тарияи худ гирифт, вале аз дасти янгаи золим он қадар ранҷу азоб кашид, ки ногуфтанӣ. Зани амакаш ӯро мисли ғулом истифода бурда, намемонд, ки нафасашро рост кунад. Ҳамин тавр «нонхӯри зиёдатӣ» гуфта, дар 16-солагӣ ӯро ба як марди занмурда ба шавҳар доданд, вале ба бахти бадаш мардак дузд баромад. Як сол нагузашта шавҳарашро дар сари дуздӣ дошта, ҳабс карданду хешу табораш бе пою қадам гуфта, ӯро аз дар берун намуданд. Амаку янгааш дигар ӯро ба хонаашон роҳ надоданд, аз ҳамин сабаб овораю дар ба дар шуд.
Холаи Бибираҷаб ба афсонаҳои Маҳтоб бовар карда, ба гӯшаи хаёлаш ҳам намеовард, ки гапҳои ин зан дурӯғанд. Дар асл падару модари Маҳтоб зиндаву саломат буда, 7 бародар дошт, вале пайвандонаш аз вай рӯй гардонида буданд. Дар синни 16-солагӣ ин духтари беандеша бо як марди зандор ишқварзӣ карда, ҳомиладор шуд. Гумон дошт, ки ошиқаш ӯро зани дуюм карда мегирад, вале ошиқаш номардӣ карда, кӯдакро ба гардан гирифтан нахост. Бачаи ҳаромӣ зоидани духтари хона обрӯи волидон ва аҳли авлодашро резонду падараш Маҳтобро оқ карда аз хона ронд…
Кӯдакфурӯш
Маҳтоби оқшуда тифли навзод дар даст намедонист сарашро ба кадом дар занад, зеро хешу табор аз ӯ рӯ гардонда буданд ва ба хонаашон роҳ намедоданд, дугонаҳояш бошанд, аз тарси гапи мардум ва маломати падару модарашон бо вай ҳатто гап намезаданд. Духтари фиребхӯрда билохира бо занҳои тардоман ҳамроҳ шуда ба танфурӯшӣ сар кард. Дугонаҳои фоҳишааш ба вай маслиҳат доданд, ки писарчаашро ба ягон одами пулдори бе фарзанд фурӯшад. Дере нагузашта «клиент» ҳам пайдо шуд ва Маҳтоб фарзандашро бар ивази ҳазор доллари амрикоӣ фурӯхт. Пас аз ин вай маззахӯрак шуда, боз як кӯдаки ҳаромии дигар зоид. Мехост духтарчаашро низ ба савдо зада, кайфу сафо карда гардад, аммо ин дафъа ба даст афтид ва Маҳтобро барои кӯдакфурӯшӣ ҳашт сол аз озодӣ маҳум намуданд…
Дар ҷустуҷӯӣ шавҳар
Баъди ба озодӣ баромадан Маҳтоб боз ҳамон «касб»-и пештаашро давом дода, фоҳишагӣ мекард, аммо мизоҷонаш зиёд набуданд. Худованд ба вай натанҳо дилу ботини сиёҳ дода буд, балки чеҳрааш низ сип-сиёҳ буд. Дили кас бо дидани ин зани бадафт ғаш меовард, вале ягон-ягон мардҳои айшпарасте пайдо мешуданд, ки пул дода бо ин зани сиёҳҷурда ишқварзӣ мекарданд. Маҳтоб хуб медонист, ки як умр бо ин роҳ зиндагиашро пеш бурда наметавонад, аз ҳамин хотир дар фикри ба шавҳар баромдан афтид..
(Идомаи қиссаро пагоҳ, соати 22.00 интизор бошед!)