toyota motors
Хусусиятҳои табобатии бодиринг аз назари Абӯалӣ ибни Сино
16.05.2026
Oila.tj
70

Май яке аз моҳҳои пурфайзу баракати сол буда, бо таъсири нурҳои ҷонбахши офтобаки баҳорӣ меваю сабзавоти гуногун пухта мерасанд. Ин шабу рӯзҳо боғҳо ва бозор пур аз гелос, зардолу клубника ва бодиринг мебошад. Аз фурсат истифода бурда, ҳарчи бештар бояд аз ин эҳсони табиат истифода бурд, зеро меваю сабзавоти тару тоза як манбаъи бабаҳои витаминҳо мебошанд. Имрӯз мо ба шумо-хонандагони азиз дар боби хусусиятҳои табобатии бодиринг маълумот медиҳем.

Таркиби бодиринг

Бодиринг аз 95-97% об иборат мебошад, вале дар баробари ин, аз витаминҳои C, B1, B2, PP, каротин ва минералҳои муҳим аз қабили калий, калсий, оҳан, фосфор, йод бой аст. Дар таркиби бодиринг ҳамчунин сафеда, қанд, оҳар ва кислотаҳои органикӣ мавҷуданд.

Тавсияи Сино

Аз қадимулайём бодирингро чун ғизои парҳезӣ, исҳоловар, пешоброн, талхарон ва иштиҳоовар ба кор мебурданд. Табибони халқӣ гирифторони бемории зардпарвинро бо оби решаи бодиринг табобат мекардаанд. Дар баъзе мазханҳои қадимӣ омадааст, ки агар бодирингро бо асал омехта карда бихӯранд, сурфаро даво мебахшад.  Падари тибби тоҷик, Абуалӣ ибни Сино дар боби хусусиятҳои табобатии бодиринг чунин гуфтааст:

“Бодиринг таб ва ташнагиро мешиканад, пешобро меронад, меъдаро қувват мебахшад ва ба бемориҳои ҷигар муфид буда, ҷисмро тоза ва сард мекунад. Барои меъдаи гарм ва илтиҳоби масона муфид аст. Шикамро нарм месозад, пешоб ва санги гурдаю масонаро меронад. Тухми бодиринг давои пешоброн аст, қабзиятро кушода, рагҳоро тоза мекунад. Вале он бод ҳосил карда, боиси сар задани қуланҷ мегардад.”

Доғҳои кунҷидакро нест мекунад?

Ин сабзавоти бебаҳои дар баробари ба саломатӣ фоида доштан ба зебо ва ҷавон мондани инсон низ кумак мерасонад. Бодиринг барои равондани доғи кунҷидак ва гармича нафъ дорад. Аз бодиринг барои пардоз лосёнҳои гуногун таҳия карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД