arzon replenishment
Хусурам маро ба писараш рашк мекунад
27.02.2022
Оила
6086

Ман Хуршеда, 25 сол дорам. Панҷ сол қабл ба шавҳар баромада будам. Аз рӯзи аввали хонадор шавиям он хушдоманам ба ман мегуфт, ки шавҳараш, яъне хусурам ба писаронаш дил бастагии сахт дорад ва ҳатто писари калонияшро ба занаш рашк мекардааст. Ба ин суханони хушдоманам чандон диққат намедодам, вале аз байн чанд моҳ нагузашта, эҳсос намудам, ки огоҳии хушдоманм ҷой доштааст ва падарарӯсам ҳар боре муносибати хуби шавҳарамро бо ман бинад, асабиву дағал шуда, бе ягон сабаб бо мо моҷаро мекунад. Хулоса, дар давоми панҷ соли зиндагии муштарак кор ба ҷое расид, ки хусурам рӯирост рашкашро ба мо нишон медодагӣ шуд. Пайваста писарашро насиҳат мекунад, ки бо пайвандони ман рафтуомад ва муомилаи дуруст накунад. Ҳис мекунам, ки шавҳарам бо гапи падараш амал карда, рӯз ба рӯз сард гаштааст.
Ростӣ, аз ин рафтори падари шавҳарам сахт руҳафтода шудаам. Метарсам, ки агар падараш фармон диҳад, ки аз баҳри занат баро, шавҳарам амри падарашро бе чуну чаро иҷро мекунад.
Сумая

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД