Sebiston new 2024 october
Хушхабар! Муҳоҷиронро депорт намекунанд!
2619

Тибқи фармони президенти Русия Владимир Путин, аз 15 март то 15 июн Вазорати корҳои дохилӣ муҳоҷирини меҳнатиро аз Русия ихроҷ нахоҳад кард.

Русия ихроҷи муҳоҷиронро аз кишвар то 15 июн қатъ кард, гуфт Валентина Казакова, сардори Сарраёсати муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Русия зимни як муроҷиаташ дар сомонаи ВКД.

Выдача патентов в Едином миграционном центре Московской области, архивное фото

 Вай таъкид кардааст, ки ин тасмим тибқи фармони Президенти Федератсияи Русия гирифта шуда, аз 15 март то 15 июн, Вазорати корҳои дохилӣ дар бораи депортатсия ва хориҷ кардани муҳоҷирон, қарор қабул намекунад.

Ӯ ҳамчунин таъкид кардааст, ки шаҳрвандони хориҷӣ ки ба Русия омадаанду муҳлати ҳуҷҷатҳояшон ба охир расидан дорад, хавотир нашаванд.

"Аз 15 март то 15 июн патентҳо, иҷозатномаҳои корӣ, раводид, иҷозат барои истиқомати муваққатӣ, иҷозат барои истиқомат - ... ҳамаи ин ҳуҷҷатҳо ба муҳлати 90 рӯз дароз карда мешаванд", - гуфт Казакова.
Ғайр аз он, вай шарҳ додааст, ки он ҳуҷҷатҳо, ки ҳоло дар дасти муҳоҷирон қарор доранд, бекор карда намешаванд.

Қобили зикр аст, ки дар муддати муқарраршуда корфармоёни Русия метавонанд хориҷиёнро барои кор бидуни ҳуҷҷати иҷозатномаии кор ҷалб кунанд.

Ёдрас мешавем, ки 18 апрел сарвазири Русия Михаил Мишустин як қарори ҳукуматро имзо кард, ки бар асоси он мӯҳлати будубоши шаҳрвандон дар ин кишвар  90 рӯз ба таври автоматӣ дароз карда шуд.

Гуфта мешавад, тасмими мазкур барои дастгирии муҳоҷирон дар шароити душвори пешомада мебошад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД