Марги шер тӯйи рӯбоҳ
Рӯзи дигар, Камолҷон низ расида омаду хост модарро барои табобат ба Душанбе барад, аммо холаи Салима писарашро хотирҷамъ карда, ба хона фиристод ва гуфт:
- Ба келин гӯй, ташвиш кашида, хӯрок напазад, Соҳиба хомшӯрбо овардааст,- Зартоҷ Камолҷонро бо оби дида пешвоз гирифта, хоҳиши ҳар чӣ зудтар ба назди холаҷонаш рафтанро кард. Аммо Камолҷон таъкиди модарро ба ӯ расонида ба хонаи хоб гузашт то куфти мондагияшро барорад, Зартоҷ аз барор нагирифтани кораш ғамгин буд ва нақшаи чӣ гуна аз байн бурдани хушдоманашро дар хаёлаш сабз мекард, вале….
Нимаҳои шаб Соҳиба занг зада, бо нолаву фарёд аз вафоти модараш хабар дод. Дили бемор яку якбора аз кор монд, духтурон гуфтанд, ки заҳролудшавӣ ба сактаи қалб ягон пайвастагӣ надорад, зеро ҷисми бемор аллакай аз заҳр тоза шуда буд. Касе намедонист, ки рафтори шайтони дупои бо дастони худаш ба хонааш овардаи холаи Салимаро дар синни панҷовушашсолагӣ ба домани хок кашид. Касе, ки аз ҳама зиёдтар дар мотами холаи Салима рӯю мӯ меканд, Зартоҷ буд, мардум ҳазор раҳмат бар падари духтардор мегуфтанд. Зартоҷ маъракаҳои мотамии хушдоманашро мисли тӯй мегузаронид, хоҳаронаш омада, даҳҳо намуд ширинӣ мепухтанду мехӯрданду мерафтанд. Меҳмонҳои асосии маъракаҳо низ хешу табори ӯ буданд.
Махав
Баъди ду моҳи марги холаи Салима дар қадди Зартоҷ кӯдак пайдо шуд, вале дар ҳарду дасташ то оринҷ захмҳои бадомосе пайдо шуданд, ки мудом аз онҳо хуну зардоб мечакид. Шавҳараш ӯро ба беҳтарин табибон нишон дод, бо молидани малҳамҳои қимматбаҳо захмҳо каме рӯ мегирифтанду боз пайдо мешуданд. Соҳиба бехабар аз кирдорҳои иблисонаи янгааш барои табобати ӯ кӯшиши зиёде мекард. Камолҷон дид, ки занаш табобат намеёбад, барои ӯ хидматгор киро кард. Акнун Зартоҷ бо дастони хунчакону шиками дамида рӯзи дароз нолиш мекарду ҳатто хӯрокашро бо ёрии занаки хизматгор мехӯрд, мардум бо нишастан бо ӯ дар сари як дастархон ҳазар мекарданд, худаш низ одамгурез шуда буд. Лаҳзаи зоданаш фаро расиду ӯро ба таваллудхона бурданд, Соҳибаи бечора писарчаи бачиллаашро дар назди хушдоманаш монда, ба беморхона омад, то ба янгаи бемораш ёрӣ расонад. Зартоҷ се шабу се рӯз дард кашид, аммо кӯдак ба дунё намеомад. Ӯ бо дастони пурзахму хуншораш рӯю мӯяшро меканд, доду фарёд мезад, аммо бефоида, духтурон маслиҳат карданд то кӯдакро тариқи чоки қайсар берун оваранд. Соҳиба низ дар ҷарроҳӣ иштирок кард, ӯ ба чеҳраи зарду даҳшатовари янгаашу акаи маҳзунаш нигариста, ҷигараш хун мешуд. Духтурон кӯдаки аз батни янгааш берун овардаро дида, қариб аз ҳуш раванд, кӯдак аз одам дида, ба қурбоққа монанд буд. Сари пачақ, рӯйи паҳну бинии ҳамвор ва чашмони хурд-хурди аз сараш зада баромадааш тарсро дар вуҷуди одам бедор мекард. Дастакони писарак се панҷаӣ доштанду то оринҷ суп-сурх буданд… Соҳиба ҷиянчаи булаҷабашро парпеч карда, як тараф гузошту ба назди акааш рафта, аҳволро нақл намуд. Камолҷон бо алам гуфт:-
Чӣ гунае набошад, фарзанди ман аст, хуб нигоҳубинаш намо…
Иқрори гуноҳ
Пас аз ним соат Соҳибаи ваҳшатзада ба назди зани бародараш даромад, Зартоҷ зери таъсири наркоз як гапҳое гуфт, ки ба ақл рост намеояд. Ӯ чашмони нимкофашро ба хоҳари шавҳараш дӯхта гуфт:
- Ту дида будӣ, ки ман чӣ гуна духтари хушрӯй будам-а? Ана ҳамин беваи очат аз рӯзи азал маро бо писараш рашк мекард, пулҳои шавҳари маро гирифта, барои ту ҷиҳоз мехарид. Куртаҳоятро ман буридам, фаҳмидӣ?! Пиёлаҳоятро ҳам ман шикастам, модаратро куштам!!! Куштам ба оши борикаш доруи кана андохта куштам, вале ӯ маро ором нагузошт. Ана як шаб омада, дастонамро оташ зад, дидӣ, то ҳол аз дастонам хуну зардоб мечакад. Соҳиба за шунидани охирин сухани янгааш аз ҳуш рафт, хусураш ӯро ба мошинаш бор карда, ба хона бурд, баъди ба ҳуш омадан Соҳиба ҳамаи он чизеро, ки аз янгааш шунида буд, ба хушдоманаш нақл намуд. Хушдоманаш зани бомаърифати рӯзгордидае буд, ҳарчанд медонист, ки одам зери таъсири наркоз танҳо суханҳое мегӯяд, ки дар дилаш ҳастанд, аммо келинашро ором кард:
-Духтарам, наход одам ба гапи бемори зери таъсири наркоз қарордошта бовар кунад, о ту духтурӣ-ку?!
-Очаҷон, як профессори устодам мегуфт, ки одам дар мастӣ ё зери таъсири гипонозу наркоз ба гуноҳҳои кардааш иқрор мешавад….
Давом дорад