Мардии ночор
Холаи Сабоҳат бева бошад ҳам, сарватманду дастархондор буд, аз шавҳари ҷавонмаргаш ба ӯ ва ду фарзандаш мероси хубе боқӣ монда буд. Шояд зани дигар дар айни шукуфоӣ, сисолагӣ бо ду кӯдаки ноболиғ бева монад, худашро дар кӯчаҳои қисмати нобасомон гум кунад? Аммо Сабоҳати соҳибҷамолу ҳунарманд, раҳгум назад, баръакси қисмати нобасомон миёнашро маҳкам баста, қоматашро рост кард. Сабоҳат маълумоти олӣ надошту ҷое ҳам кор накарда буд, ҳамсараш Нозимҷон зиндагияшро хуб таъмин мекард. Нозими ӯ аз хурдӣ аз падару модар ятим монда, дар тарбияи бибию бобои модарияш ба воя расида буд, тағою холаҳояш баъди хонадор шудан ҳар кадоме хонаву дари алоҳида бунёд намуда, аз пайи зиндагии худ шуданду ҳавлии падариро ба ятимаки апаашон бахшиданд. Нозимҷонро бибияш бо духтари як хеши дураш хонадор карду пиру кампир то синни пиронсолӣ дар сояи давлати ӯ зиндагӣ намуданд. Нозимҷону Сабоҳат аз таҳти дил хизмати пиру кампиро карданд, мӯйсафед дар синни 90 ва кампир бошад дар синни 92-солагӣ оламро тарк карданд. Ҳарчанд онҳо то дами марг дуои ҷони Нозимҷони ягонаашонро мекарданд, вале сириштаи умри инсонӣ дар дасти Худост. Нозимҷон дар синни сивупанҷсолагӣ аз бемории дил оламро падруд гуфту дили зану фарзандонашро хонаи ғам намуд. Нозимҷон муҳандиси барқ буд, вале зиндагияшро асосан аз рӯйи фурӯхтани меваҳои боғаш таъмин менамуд. Сабоҳат баъди марги шавҳар ин кори ӯро давом доду боз чанд сар гови зотӣ хирида, онҳоро бо фарзандонаш нигоҳубин менамуд. Ин зани меҳнатӣ аз ҳисоби фурӯши ширу қаймоқ, равғани зарду чакка, меваю дигар маҳсулоти боғдорӣ зиндагии шоистаеро барои худу фарзандонаш фароҳам меовард. Маҳсулоти аз ҷиҳати табииӣ тозаи истеҳсолнамудаи ӯ харидорони зиёд дошт ва онро бо нархи хуб аз назди хонааш харида мебурданд. Сабоҳат аз пули меҳнати ҳалоли ҷамъ намудааш дар пойтахти мамлакат хона харида, писараш Камолҷонро ба донишгоҳ дохил намуд. Пас аз як соли дигар духтараш Соҳиба низ донишҷӯ шуд, Камолҷон дар Донишгоҳи технологӣ мехонду мехост дар деҳаашон корхонаи истеҳсоли ширу ҷурғот созад, Соҳиба бошад, табиб шуданӣ буд. Модар тамоми нерӯяшро сарфи меҳнат мекард, то ҷигарбандонаш аз чизе танқисӣ надошта бошанд.
Парвози орзу
Муддати панҷ соли донишҷӯии Камолҷон, Сабоҳат чанд зани ҳамсояро чун ёрдамчӣ қабул карда буду онҳоро бо маоши хуб таъмин мекард. Сабоҳату дугонаҳояш, ки аслан хешу таборони шавҳараш буданд, орзу доштанд, Камолҷон донишгоҳро хатм намуда меояду барои онҳо корхона месозад. Беҳуда намегӯянд, ки «Роҳи ятимро Худованд худаш равшан мекунад», бо дастгирии Худованд ва дуои модари меҳнатии шабзиндадораш, Камолҷон низ донишгоҳро хатм карда, ба деҳа баргашт. Баъди як сол ӯ ҳама пасандози ҷамъ намудаи модарро ҳисоб карда, боз аз бонк ками дигар қарз намуда, чанд дастгоҳ хариду сехи хурди истеҳсоли қаймоқу ҷурғотро ба кор даровард. Ҳукумати ноҳия низ соҳибкори ҷавонро дастгирӣ намуданду порчаи заминеро барои сохтани корхонаи хурд барояш ҷудо намуданд, оҳиста-оҳиста Камолҷон қарзи бонкро канду тиҷораташро васеътар намуд. Ӯ бист нафар ҳамдеҳаҳояшро ба кор таъмин намуд, акнун сехи хурди коркарди шири «Сабоҳ» на танҳо дар ноҳия, балки дар вилоят мизоҷони худро дошт. Камолҷон тӯли панҷ соли фаъолияташ панҷ ҷавони деҳаашонро ба донишгоҳҳои кишвар дохил намуда, ҳар моҳ мувофиқи тавон ба эшон ёрмандӣ мекард. Дар ин миён Соҳиба низ донишгоҳро хатм карда омаду дар беморхонаи ноҳия ба ҳайси табиби занҳо ба кор шурӯъ намуд. Харидорони хоҳараш аз мӯйи сараш зиёд буданд, аммо холаи Сабоҳат мехост аввал келин фароварда, баъд духтарашро ба хонаи бахташ гусел намояд.
Захми ишқи аввал
Синни Камолҷон ба 28 расида бошад ҳам, банди кору бор дар бораи зингирӣ он қадар фикр намекард, ҳамаи духтарони деҳа мафтуну шайдои ин ҷавони қоматбаланди абрӯсияҳ бошанд ҳам, ӯ ба касе нимнигоҳ намекард. Аслан дар дили Камолҷон аз ишқи аввал захме монда буд, ки ҳоло ҳам онро нохуни ёдҳояш хуншор месохт…
Камолҷон ҳангоми дар синфи ёздаҳум хонданаш, ба ҳамсинфаш Замира дил баста буду духтар низ ба нигоҳҳои ошиқонаи ӯ бо табассуми малеҳ ҷавоб дод:
Онро бо пули ҳалоли меҳнаташ харида буд. Зартоҷ суп-сурх шуда, гапашро гум карду базӯр гуфт:
-Мумкин хушдоманаш бошад…
-Не, хушдомани ӯ зани хондагию зиёӣ асту ҳаргиз ин корро намекунад, баъд ин ки Соҳиба мегӯяд, инҳоро аз сандуқ ҳамин гуна пора-пора ёфтааст…
-Хайр, як дунё курта дорад,- ин дафъа даст афшонд Зартоҷ ва аз хона баромад.
Холаи Салима ба фикр фурӯ рафт, вай ба худаш лаънат мехонд, ки чаро ба сафсатаҳои хешу табори духтар дода шуда, ба хонааш морро овардааст…
Давом дорад.