Formula novemver 2024
Хушдомани золим” аз олам гузашту номи некаш монд
2416


Чанде пеш Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Латофат Барзиева аз олам даргузашт. Марҳум 74- сол дошт ва солҳои охир дар Театри “Аҳорун” фаъолият мекард.
Ба гуфти ҳамкоронаш марги Латофат Барзиева ногаҳонӣ будааст, зеро актриса бемор набуд ва чанде пеш дар спектакли “Ишқ ва қурбониҳояш” ба саҳна баромада буд.

Ҳунарпеша Латофат Барзиева 20 майи 1948, ноҳияи Шаҳринав таваллуд шудааст. Соли 1973 Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.  мебошад, дар бисёр намоиш номаҳо нақш офарӣ кард, бо талош ва омӯзиши пурсаброна симои қаҳрамононашро пурра мекушод.

«Мирзо Ризо», «Муфаттиш», «Фелисяна», «Камбағалӣайбнест», «Қуллаи Фудзияма», «Хатроманнавиштабудам», «Роҳзан ва кӯзагар», «Шоҳ Эдип», «Шоҳ Лир», «Синдбоди дарёгард», «Зебунисо», «Дӯстиман — душмани ман», «Умари Хайём», «Парвози Шоҳин», «Бист дақиқа бо фаришта», «Шоҳ Исмоили Сомонӣ», «Бой ва хидматгор», «Раъду барқ», «Ҷияни хира», «Афсонаҳои мӯйсафед», «Моҷаро дар Кёза», «Дохунда», «Интизорӣ», «Парвози Сабзабаноз» аз ҷумлаи спектаклҳоанд, ки истеъдодаш дар онҳо ҳувайдо гардида аст. Дар бисёр намоишномаҳои кӯдакона низ ҳунар озмудааст.

Латофат Барзиева дар филмҳо ва намоишҳои телевизионӣ низ нақшҳои ҷолиб офаридааст. Бештар нақшҳои ҳаҷвӣ иҷро мекард. Ӯро солҳои охир ҳамчун иҷрокунандаи нақши хушдоманҳои золим шинохтабуданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД