Марги пурасрори ҷавонзани 26-солаи файзободӣ Манораи Абдуфаттоҳ дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба миён оварда буд.
Ёдрас мешавем, ки соле қабл ҷасади ин ҷавонзанро бо 26 зарбаи корд аз манзили иҷорааш пайдо намуда буданд.
Мақомоти тафтишотӣ ин ҳодисаро ҳамчун хушкушӣ арзёбӣ намуданд, вале пайвандони Манора ба худкушӣ кардани духтарашон шубҳа намуда, шикоят бурданд ва дар пайи шикоятҳои эшон нисбати хушдомани Манораи ноком Бибикалон Назирова парванда оғз ёфт.
Тавре ки эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар ддааст, ахиран хушдомани Манора-Бибикалон Назарова дар марги келинаш худро қисман гунаҳгор ҳисобидааст. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон, ки дар додгоҳ аз ҳуқуқ ва манфиатҳои Абдуфаттоҳ Мисоқов -- падари Манора намояндагӣ мекунад, мегӯяд баррасии парванда дар суди ноҳияи Файзобод идома дорад.
"Шоҳидон ва далелҳо дар парванда тасдиқ намуданд, ки Манора аз муносибати бераҳмона аз ҷониби хушдоман ва қайсингул чандин маротиба шикоят карда буд",-омадааст дар хабари Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.
Ба гуфти Абдуфаттоҳ Мисоқов, падари Манора наздикони Бибикалон Назирова аз ӯ хостаанд, ки аз "гуноҳаш" гузарад, вале ин падари ҷигархун барои ба ҷавобгарӣ кашидани омилони марги духтараш ҳама талоши худро кардааст. Вакили мудофеи Бибикалон Назирова хостааст, ки нисбати зерҳимояаш қонуни авф татбиқ карда шуда, ӯро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намоянд, аммо айбдоркунандаи давлатӣ ба дархости ҳимоятгар эътироз намуда, аз додгоҳ хостааст, ки онро рад кунад.
Мавқеи наздикони Бибикалон Назирова дар ин бора муаян нест.