Sebiston new 2024 october
Хушдоманам шайтонро фиреб медиҳад
24.04.2020
Oila.tj
5418

Ман дар оилае ба воя расидаам, ки ҳурмату эҳтироми ҳамдигар дар ҷойи аввал меистад. Ман, ки дар умрам боре садо баланд кардан ва якдигарро дашному ҳақорат додани волидонамро надида будам, пас аз шавҳар карда ба хонаи хушдоманам омадан ҳуш аз сарам парид.

Аҳли ин хонадон чӣ будани ҳурмату эҳтиромро намедонанд. Хушдоманам хӯҷаини мутлақи хона аст, шавҳару хусурам зери навои доираи ин зан мерақсанд. Ба сараш кайҳо барфи пирӣ борида, соҳиби чанд набера бошад ҳам, дили ин зан ба қавли худаш ҷавон аст ва дугонабозу кайфу сафоро дӯст медорад. Хусурам мисли як мусофир ё иҷоранишин ҳаққу ҳуқуқи ба занаш гап заданро надорад. Дилам ба ин мӯйсафеди бечора месӯзад, аз рӯзе, ки ба нафақа баромадааст, занаш ӯро тайёрхӯри дарди сар номида, чунон суханҳои нешдоре мегӯяд, ки аз ҷавшани ҷони кас мегузаранд, ҳол он ки таъмини рӯзгор бар дӯши шавҳари ман аст, хушдоманам кор кунад ҳам, пулашро танҳо барои худаш сарф мекунад. Намедонам хусурам чӣ тавр як умр ин занро тоқат карда гаштааст, вале ман ба ҷойи ӯ мебудам, кайҳо талоқи чунин хонуми морзабонро медодам. Хушдоманам ончунон шаттоҳ аст, ки Худо накарда ягон кор табъи дилаш сурат нагирад, хонаро бо доду фиғон ба сараш мебардорад. Аз забонаш дашному ҳақорат мисли борон меборад. Ман ба чунин дағалӣ одат накарда гапҳои қабеҳи модаршӯямро шунида, лола барин суп-сурх мешавам. Намехоҳам фарзандонам дар чунин оила ба воя расида, тарбияашон вайрон гардад, чунки аз ҳозир хушдоманам набераҳояшро бар зидди бобояшон шӯронда, дар назди кӯдакон мӯйсафедро бад мекунад. Зиндагӣ дар чунин муҳити носолим ба дилам задааст, танҳо ба хотири шавҳару фарзандонам тоқат карда гаштаам, вагарна дар ин девонахона як рӯз ҳам тоқат намекардам.

Дилшода

 

 

Аз нақли шавҳар:

Аз занам шарм медорам

Ман занамро надида гирифта бошам ҳам, дӯсташ медорам, чунки духтари меҳнатӣ, боодоб ва кадбонуи моҳир аст. Модарам пайваста дар кор буданду мо мустақил калон шудем. Иқрор мешавам, ки аз бому дарамон чангу ғубор мерехт ва танҳо колбасаю картошкабирён мехӯрдем, вале аз рӯзе, ки Дилшода келин шуда ба хонаамон омад, ҳаёти мо рангу бӯйи тоза гирифта, хонаву дарамон тозаву озода шуд, хӯроки гармамон ҳамеша тайёр аст. Занам аз дағалиҳои модарам нисбати падарам норозӣ буда, пайваста шиква мекунад, вале аз дасти ман коре намеояд. Ҳамсарамро тасаллӣ дода мегӯям, ки ба модарам диққат надиҳад, муҳимаш ман ӯро дӯст медораму хору зор шудан намегузорам, вале виҷдони Дилшода ӯро ором нагузошта, барои беқадрии мӯйсафед дарун ба дарун месӯзад. Аслан модарам рӯзи дароз дар ҷойи кор ҳастанд ва танҳо бегоҳирӯзӣ он касро мебинем. Ҳаққи гапро гӯем, он кас нисбати ману зану фарзандонам чандон дағал нестанд, набераҳояшонро дӯст медоранду ғамхорӣ мекунанд, аммо ситораашон бо падарам рост намеояд. Ман ба муносибати байни падару модарам дахолат карданӣ нестам ва ба занам низ маслиҳат медиҳам, ки аз пайи тарбияи фарзандон шуда, беҳуда асабашро хароб насозад.

Субҳон

Маслиҳати равоншинос:

Муҳити оилавӣ ба фарзандони хурдсол бетаъсир намемонад, бинобар ин, аз волидонатон хоҳиш намоед, ки дар ҳузури бачаҳо ҳамдигарро дашному ҳақорат накунанд. Беҳтар мебуд, ки шумо хонаи алоҳида гирифта, аз волидонатон ҷудо зиндагӣ кунед, то бачаҳоятон чунин тарзи муносибатро аз кӯдакӣ ёд нагиранд, зеро аксари одамон баъди ба камол расидан бо ҳамсарашон ҳамон тавре муносибат мекунанд, ки дар хурдӣ дар муҳити оилавии худ дида буданд. Имкони ҷудо зиндагӣ кардан надошта бошед, ба модаратон бо суханҳои нарм фаҳмонед, ки дар чунин синну сол бо шавҳараш дағалона муносибат кардани ӯ айб буда, мардум ба ҳолаш механданд. бигӯед, ки ҳамсари шумо низ метавонад аз модаратон нисбати шавҳар беҳурматӣ карданро ёд гирад ва хоҳиш намоед, ки минбаъд ба иззати нафси падаратон нарасад. Умедворем, ки дар хонадони шумо фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳурмату эҳтиром нисбати ҳамдигар ҳукмрон хоҳад гашт.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД