Арӯс аз бозор
Модарам занг зада гуфтанд, ки ба хона меҳмон меояд. Ман зуд аз кор ҷавоб гирифта, ба бозор даромадам то чизҳои фармудаашонро гирифта барам. Меҳмонҳо хешони раҳматии падарам буданд, ҳар гоҳе аз ноҳия ба хонаи писарашон биёянд, албатта хонаи мо ҳам меомаданд. Модарам онҳоро зиёд эҳтиром мекарду ҳамеша дастархони шоҳона барояшон меорост. Ба бозор даромадам, ҳаво ниҳоят гарм буд, пеш-пешам духтараки мавзунқомате мерафт, ки мӯйҳояш заминро мерӯфтанд. Духтарак баръакси духтарони шаҳр, ки аксаран сарашонро луч карда мӯйҳояшонро кушода мемонанд, дар сараш рӯймоли ҳаворанги ҳамранги куртааш дошт. Дилам дар сина такон хӯрд, дар дилам Робияи чилгазамӯй унвон додаму зуд-зуд раҳ гашта, аз ӯ пеш гузашта, ба рӯяш назар кардам. Духтараки сафедандоми қаламқош нигоҳи бепардаи маро дида, зуд роҳашро дигар карда, қавоқҳояшро гиронд, ба ин ҳам иктифо накарда, маро як бор песонд. Яъне, «дар рӯйи ман моҳ дидӣ»? Аз ин кори духтар завқам омаду тез-тез харид кардаму кору меҳмононро аз ёдам бароварда, аз қафои вай шудам. Духтарак каме кабудию чакка харида, аз бозор берун шуд. Таклифаш кардам, ки дар мошин нишинад, аммо нанишаст, пушт-пушташ рафтам, ӯ ба яке аз биноҳои истиқоматии бисёрқабата даромаду ман ба хона рафтам, акнун медонистам, ки чилгазамӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад.
Модарам баъди фавти фоҷиавии падарам ману апаамро танҳо ба воя расонида буд. Мо дар як ҳавличаи канори шаҳр, ки аз падар мерос мондааст, зиндагӣ мекунем. Апаамро амакам келин гирифт, ман донишгоҳро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардаму ба кор даромадам, ҳар қадар модарам маҷбурам мекард, ки зан гирам, не мегуфтам. Зеро мехостам аввал хонаву дарамонро ба ифоқа оварда, баъд хонадор шавам. Арӯсам Кибриё, ки ҳамкурсам буд, “ба умеди ту пир мешавам” гӯён, дуои бадро ба сарам рехта, шавҳар кард. Ман сарамро ба санг зада, хонаву дарамонро аз сар сохтам, чиҳозашро нав кардам, акнун дар ҷустуҷӯйи арӯс будам…
Ишқи «чилгазамӯ»
Бо дидани духтараки ношинос дилам дар сина дигаргуна метапид. Ба модарам гуфтам, ки “оча, ман барои шумо келин ёфтам”. Модарам чун фаҳмид, ки ман духтаракро дар бозор дидаам, андешаманд гуфт:
-Раҳматии бобоят мегуфтанд, ки занро ҳеҷ гоҳ аз бозору тӯй хуш накунед,-ман модарамро оғӯш карда гуфтам,- оча, ин мақолҳо кайҳо кӯҳна шудаанд, ун давраҳо духтарон кам ба тӯю бозор мерафтанд, барои ҳамин. Имрӯз одамон аз интернету сайтҳои шиносоӣ зан меёбанду ман боварӣ дорам, ки чилгазамӯ ба шумо писанд меояд.
Модарам аз чилгазамӯ гуфтани ман ҳайрон шуду ман ба ӯ мӯйдароз будани арӯси аз бозор ёфтаамро бо обу ранги зиёд нақл кардам. Модарам маслиҳат дод, ки як бори дигар санҷидаву пурсида, чиву чикора будани падару модари арӯсро фаҳмам. Рӯзи дигар ман боз рафтам ба суроғи ишқи бозориям назди бинои истиқоматияш, дидам, ки пиразане дар харак нишаста, пинак меравад, ба ӯ салом додаму дар наздаш нишастам…
Аз нақли кампирак фаҳмидам, ки Қумринисоро модараш ҳамроҳи бародараш аз хонаи бачаҳо гирифта, ба воя расонидааст. Духтарак хоксору хизмативу хушахлоқ аст, аммо модараш…
-Бо ин модагург рост гирифтанат амри маҳол,- гуфт дар охир кампирак ва илова кард,- бечора писарашро се бор зан дод. Қумрӣ низ ба бисту панҷ медарояд, очааш ба хостгории ҳеҷ кас розӣ намешавад, зеро аз ин хизматгори беминнат халос шуданӣ нест.
Ман аз кампирак рақами хонаи онҳоро пурсидам, ранги кампир канд, лабонаш пир-пир парида гуфт:
-Бачам, ба номи Худову Расул аз гапҳои ман даҳон накушо, ки Гулхумор маро пеш аз аҷалом буғӣ карда мекушад а?!
Давом дорад.