Ҳар як хушдоман замоне келини як хонадон буд ва вақте духтаре ба даргоҳаш келин шуда меояд, ӯ низ фарзанди хонадоне асту бо сад умеду орзу ба даргоҳи бахти худ қадам гузоштааст.
Чаро баъзе хушдоманҳо келинро ҳамчун канизаки хонадон қабул намуда, ба ӯ ҳатто иҷозат намедиҳанд, ки ба хабаргирии падару модараш равад? Ба саволи мазкур меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман», сокини шаҳри Хуҷанд Дилбар Алимова посух мегӯянд:
- Ман шонздаҳ сол боз хушдоман ҳастам, ягон бор ба келинам нагуфтаам, ки ба хонаи модаратон наравед. Азбаски хонаи қудо ба хонаи мо хеле наздик аст, ҳар бегоҳ ба келин мегўям, ки агар коратон набошад, рафта як модаратона дида биёед. Ба набераҳо ҳам мегўям, ки бибияшонро хабар гирифта биёянд. Ҳар вақте ягон хўроки бомазза пазем, ҳатман ба келин “ба модаратон хӯрок фиристед” гўён, таъкид мекунам. Хешу таборӣ ҳамин аст, ҳамин рафтуомадҳо муносибатҳоро мустаҳкам менамоянд.
Ҳозир келинам ба кор баромадааст, набераҳоро ба мактабу боғча гусел карда, то омаданашон кору бори хонаро мекунам.
Агар хушдоман нағз бошад, келин ҳам нағз мешавад. Аз ёд набароред, ки келин давомдиҳандаи насл ва равшанкунандаи чароғи хонадони шумо аст.
Мавод дар ҳамкорӣ бо гурўҳи фейсбукии «Нигоҳи зан» нашр мешавад.