Formula novemver 2024
Хушбахтии зан дар сабурӣ ва меҳрубонист
09.06.2024
ЛОЛА
481

Меҳмони навбатии гўшаи «Маслиҳати хушдоман» хушдомани ҷавону зебо, сокини ноҳияи Рўдакӣ, муаллимаи азиз Марям Сангова ҳастанд. Чун Марямбону солҳои дароз ба тарбияи насли наврас машғул ҳастанд, мехоҳем назарашонро дар бобати тарбияи духтарон баён созанд, чунки нақши калидиро дар оила модарон иҷро мекунанд.

- Як ҳикмати машҳуре ҳаст, ки «Агар мард донишманд бошад, фоида барои худи ўст, вале агар зан донишманд бошад, ин бар суди миллат аст, зеро модарон дар домани худ кўдакони имрўз - фардои миллатро ба воя мерасонанд». Ин ҳикмат ҳақиқати соф аст, аз ин рў мо бояд дар духтарон сифатҳои меҳрубонӣ, хушсуханӣ ва бо таҳаммул буданро тарбия созем. Пеш аз он ки ўро ба хонаи бахташ гусел мекунем, дар зеҳни фарзанд ҷо кунем, ки ў акнун рисолати зиндагиву издивоҷро бар дӯш дорад, ки ин ришта хеле муқаддас аст.

Чун шумо танҳо дар бораи вижагиҳои тарбияи духтарон гуфтед, ман ҳаминро гуфтам, вале бояд қайд кунам, ки писаронамонро ҳам аз оини ҷавонмардӣ хабардор намудан лозим аст. Мард бояд вазифаҳои хешро дар оила фаҳмаду иҷро кунад, танҳо он вақт оила оилаи солим ба ҳисоб мераваду дар он фарзандони солим ба воя мерасанд.

Фарзандонамонро бояд ба оиладорӣ ҳаматарафа тайёр кунем ва дар зиндагии эшон роҳбалад бошем.

Сўҳбати ЛОЛА

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД