Formula novemver 2024
Хушбахтӣ хоҳӣ, ширинзабон бош!
27.05.2023
ОИЛА
1329

 

Меҳмони навбатии гӯшаи «Маслиҳати хушдоман” сокини шаҳри бостонии Панҷакент Мансурова Анзурат мебошанд. Саволи мо ба модари азиз чунин аст:

-Дар муносибати хонаводагӣ чӣ нақши бориз дорад? Чӣ бояд кард, ки фазои хонадон софу офтобӣ бошад?

-Хушбахтӣ дар хонавода ё ба шакли маъмул оила аз фазои беѓубори офтобии он вобастагӣ дорад. Волидайн бо як умеду армон фарзандонро ба воя мерасонанд, мехононанд, оиладор мекунанд.

Дар қатори пайвандони мо хешони нав, волидони келину домодҳо, яъне қудоҳо пайдо мешаванд. Бисёр вақт носоз будани муносибати калонсолон ба хонаводаи ҷавонон таъсири хешро мегузоранд, аз ин рӯ, бояд солорҳо бо ҳам рост оянду маърифати хешовандиро ба ҷавонон омӯзанд.

Гумон мекунам дар ҳама муносибатҳо чеҳраи кушода ва ширинсуханӣ дар ҷойи аввал меистад. Чун ба хона келин овардем, бояд ӯро ба ҷойи фарзанд қабул карда, аз рӯзҳои аввал ҳамроҳаш бо забони ширин гап занем. Бо хешу табори домод низ…

Агар духтарамон хабари хонаашро ба назадамон овард, ӯро насиҳат кунем, ки сири хонаро баровардан кори хуб нест. Агар шавҳар ё хушдоман фаҳмад, кор бо чӣ меанҷомад номаълум. Бисёр модарон гапи духтарро об дода, муносибати ӯро бо хонаводаи шавҳар бад мекунанд, бадтар аз ин ба сари волидони домодаш рафта, ҷангу ҷанҷол мебардоранд. Ё барои як эроди домод “ту духтари маро азоб медиҳӣ” гӯён, хафагӣ мекунанд, аз ҳамин ҷо сар мешавад дилсиёҳӣ. Ба духтарамон пеш аз тӯй бояд фаҳмонем, ки минбаъд худашро пурра ба шавҳару хонаводаи ӯ бахшад. Нозу нузу эркагиҳояшро фаромӯш кунад, ба зиндагии нав бо дилу нияти покиза қадам ниҳад. Меҳру муҳаббат, меҳрубонӣ, ширинзабонӣ инсонро на танҳо дар назди хешу табори ҳамсар, балки дар назди ҳама гармрӯ мекунад. Модарони писардорро лозим аст, писаронашонро доимо таъкид кунанд, ки нисбати волидони занаш ҳурмату эҳтиром дошта бошад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Чор пиру чор тадбир», яъне падару модару хусуру хушдоман. Агар мехоҳӣ, ки занат волидони туро дӯст дораду ҳурмат кунад, ту низ бо падару модари ӯ меҳрубон бош. Зиндагӣ бо ширинзабонию якдигарфаҳмӣ бақо дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД