Formula novemver 2024
ХУНДУЗД (қисми 8)
2725

Давомаш ...

Саид дар ғазаб шуд:

- Наташа, ин гапҳо чӣ маънӣ доранд? Чаро ту миллати моро таҳқир мекунӣ?

- Ин ҳақиқат аст! Ту бо кадом сабаб ин фирмаро кушодӣ, Саид? Бо кадом сабаб? Мехостӣ тоҷикони бекорро ба кор ҷалб намоӣ. Мехостӣ онҳо серу пур зиндагӣ кунанд! Мехостӣ онҳоро аз бекориву оворагардӣ ва кидатшавӣ аз дасти русҳо наҷот диҳӣ. Гуфта будӣ, ки тоҷикони ту аз дасти русҳо зиёд азоб кашиданд ва ту бояд онҳоро соҳибӣ кунӣ. Магар ту медонӣ, ки чанд вақт боз ин бечораҳо, ки ҳаммиллатони ту ҳастанд, аз рӯйи ману ту азоб кашида истодаанд? Онҳоро мо соҳибӣ карда натавонистем.

- Чӣ хел? -пурсид бо ҳайрат Саид.

- Инҳо чор моҳ боз як рубл маош нагирифтаанд. Хӯрокашон чор моҳ боз макарону перловка ва нони хушк аст. Инҳо ҳатто собун надоранд, ки сару рӯяшонро шӯянд. Оби гарм надоранд, ки оббозӣ кунанд, ришгирак надоранд, ки риш тарошанд. Мо инҳоро гуруснаву ташна кардем. Ҳалоламан бод!

Саид дар ҳайрат буд. Наташа ин ҳолатро дида:

- Ҳайрон нашав, Саид! Ҳайрон нашав. Инҳо пеш аз ин ҳам танҳо 45 - 50 фоизи маошашонро мегирифтанду халос. Нисфи пулашон гум мешуд…

Саид аз шунидани ҳарфҳои Наташа пакар шуд.

- Чӣ хел маош нагирифтаанд?

- Ҳамин хел, аз Саид пурс… Саидназари писари тағоят. Шумо, ки номҳои якхела доред, ман дар ибтидо гумон кардам пули мардумро ту намедиҳӣ, - гиря гулӯгираш карда ба Саид наздик шуд Наташа, - маро бубахш!

Саид ба гиряву нолаи Наташа дигар аҳамият надода, ба Саидназар рӯй овард:

- Саидназар, рост мегӯяд?

«Ҳам ғаррию ҳам пештозӣ» гуфтагӣ барин Саидназар якбора ғуррид:

- Давра давраи буҳронӣ. Мо як қисми пулҳоро дар кори сохтмон сарф кардем.

- Дурӯғ нагӯй эй кофир, эй хундузд. Пули сохтмон ҷудо аст!

- Ба худи ман камтар пул лозим шуда монд, ман сарф кардам. Ҳамаашро худам пардохт мекунам.

- Ба ту чӣ гуна пули 100 коргар лозим шуда монд? Аз куҷо пардохт мекунӣ маоши ин қадар одама?!

Саидназар лаб фурӯ баст. Саид ба фикр фурӯ рафт. Дар хуни онҳо хӯрдани «моли муъмин, ки хуни муъмин аст» ҳаром буд. Саидназар чӣ гуна тавонистааст ин корро кунад?

Вақте ки ӯ кори деҳаро партофта ин ҷо омад, аз қафои писараш омад, Саид хурсанд шуд, ки амакбачааш як қаноташ мешавад. Саидназар таҷрибаи калон дорад, дар Санкт-  Петербург хондагӣ гуфта, ӯро даррав роҳбари як объекти калон монд.

Онҳо ҳарду баробаранд. Дар як синф хондаанд, Саидназар ҳамеша аз Саид муваффақтар буд. Пешсафтар буд. Мактабро тамом кардан замон ба донишгоҳи Санкт - Петербург дохил шуда, агроном шуд. Замини калонро роҳбарӣ мекард. Зан гирифт, соҳиби писарони болобаланд шуд. Писари калониаш ёрдамчии Саидаст.

Ӯ медониста бошад, ки падараш ба ин амали фаҳш даст задаст? Оё ӯ медониста бошад, ки падараш фирмаи онҳоро ғорат мекардааст? Не, набояд чунин бошад! Писари ӯ ботинан ҷавони покиза аст, агар фаҳмад, бо падараш ҷанг мешавад. Байни падару писар низоъ андохтан чӣ лозим? Ягон роҳ бояд ҷуст, ки ӯ огоҳ нашавад. Саид дар сар чунин хаёл ба Саидназар рӯ овард:

- Писарамак, чизе, ки шуд, шуд! Ту коре кардӣ, ки дар таърихи авлодамон ягон кас накарда буд. Ту рӯйирост пули мардумро аз худ намудӣ, маблағи тоҷикони худамонро, ҳаққи меҳнати ҳалоли ҳамқишлоқиҳоямонро ба кисаат задӣ. Фикр накардӣ, ки чӣ гуна ту дар деҳа иморатҳои қасрмонанд месозию ҳамсояҳо гуруснаву ташна мегарданд? Кӯдакони ту серу кӯдакони ҳамсояҳо гуруснаанд. Магар ин аз рӯйи инсоф аст? Афсӯс! Сад афсӯс, ки пеши чашми туро пул тира кард…

- Бисёр таҳқир накун, Саид!

- Ту боз гап мезанӣ?! Ман бояд туро ба суд медодам, бояд туро якҷоя зери мушту лагад мегирифтем, аммо ба хотири писарат шуда, ман ин корро намекунам.

- Писарам чӣ кор кардааст?

- Ӯ муовини ман аст. Ман наметавонам ба хотири туйи бехалаф шуда, ӯро ранҷонам ё пеш кунам, в - агарна ҷазои ту бист соли пушти панҷара буд. Ҳозир бояд роҳе ёбем, ки ин масъаларо ҳал кунем…

Ин дам хамери баланди сиёҳ бо шаст омада, дар ҳавлии сохтмон истод. Аз дари мошин ҷавони чорпаҳлӯйи зебоандоме баромад. Ба атроф нигариста, дегҳои дампартофтаи ош ва дар оташи паст ҷӯшидани деги шӯрбою оҳиста - оҳиста сурх шуда, пухтани сихкабобро дида, ҳайрон шуд.

Ягон нафар кор намекард, дар болои сохтмон ҳам касе набуд. Мардум мисле, ки дар маҷлис бошанд, ба минбар менигаристанд. Дар боло Саид, Наташа ва Саидназар истода буданд. Ӯ шитобон сӯйи онҳо рафт ва хост лаб во кунад, ки Саидназар:

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД