formula
ХУНДУЗД (қисми 7)
3286

Идомааш ...

Ошёнаи якуми бинои навсохтро чун офиси ширкат таъмир карда буданд. Дару тирезаи пластикӣ, деворҳои рангкарда, фаршҳои қолинпӯш, дивану креслоҳо барои меҳмонон, айвони офисро зеб медоданд. Аз ин айвон панҷ дар кушода мешуд, яке ба муҳосибот, дигаре ба менеҷер, севвумӣ ба раис, чорумӣ ба менеҷер ба фурӯш, панҷумӣ ҳуҷҷатгузор. Аммо ҳама ҳуҷраҳо холӣ буданд. Ҳанӯз бино тайёр, ки набуд, ҳоло масъалаи фурӯши хонаҳо ҳам ҳал нашуда буд. Танҳо дари як ҳуҷра кушода буд ва аз он ҷо бӯйи спирт меомад.

Наташа ҳамроҳи марди миёнсол, ки аз тарс чун барги бед меларзид, сӯйи ҳуҷра равон шуд. Марде, ки он ҷо мехобид, дар танаш аз либос фақат як турсӣ дошту халос. Пойҳои пашмину қафаси синаи ҳамсон, бозуҳои рустамона дошт мард.

Наташа ба ӯ наздик шуд ва аз рӯйи миз як донаи ангурро аз хӯша канда наздики рӯйи мард оварду обашро афшурд. Мард аз тарс дод зада, бедор шуд ва ду - се ҳақорати тоҷикӣ дода, ҷаста хесту дар рӯ ба рӯяш як зани зеборо дид.

Зан овози омирона, мӯйи сари батартибовардашуда, костюми зебо ва шинами сиёҳ дошт. Саидназар баробари дидани зан ором шуда, гашта дар болои диван нишаст ва бо қаҳр пурсид:

- Ту кистӣ?

- Ман соҳиби ту!

- Ман соҳиб надорам. Ин ман раис!

- Ту раис? Ту раис бошӣ, ман раиси ту, ман соҳиби ширкати…

Баробари фаҳмидани номи раиси ширкат Саидназар даррав аз ҷояш хест. Вай аз тарс дасту по гум карда, чӣ кор карданашро намедонист. Танҳо "хонум хонум" мегуфту халос. Саросема ба марде, ки ҳамроҳи Наташа омада буд, бо русӣ дод зад:

- Чаро истодаӣ? Ба назди хонум прорабро даъват кун ва ягон чизи хӯрданию нӯшиданӣ биёр!

Наташа бо табассум мардро бо ишораи даст боздошта гуфт:

- Ин мард пул надорад!

- Пулашро ман медиҳам, хонум. Шумо нигарон набошед.

- Охир дар ширкат кризис, мо пул надорем, ки ба коргаронамон диҳем, се моҳ боз онҳо бе маош кор мекунанд. Мехӯрдагиашон макарон ва перловкаву гречка…

- Не, хонум, дар мо тинҷӣ. Ҳар моҳ пул мегузарад. Умедворем, ки Шумо вазъи ширкатро ба эътидол меоред.

- Албатта, худи ҳамин рӯз ба эътидол меорам! Худи ҳамин рӯз…

- Чӣ менӯшед, хонум?

-Холо ҳеҷ чиз. Як маротиба объектро чарх занем, - гӯён Наташа ҷониби дар равон шуд.

- Хонум, баъдан мерафтем, - ғурунгид Саидназар.

- Шумо бо ман ё танҳо равам?

- Албатта бо Шумо, - Саидназар саросема шимашро пӯшидан гирифт ва тасмаро нагузаронда, куртаашро ба танаш кашиду тугмаҳояшро гузаронида - гузаронида аз паси Наташа ба берун давид.

Наташа аз пушти бино гузашта, ба подъезд даромад. Дар он тараф дар ошёнаи якум ва дуввум гилему қолинҳои куҳнаро дар замин густурда буданд. Палосҳо ҳама чунон чирк буданд, ки сиёҳии дег барин. Табақу косаи нимшӯста, тарбузу харбузаи нимхӯр, нонҳои бурдаи қоқшуда, пӯслохи картошкаву пиёз, шишаҳои холии арақу қоняки арзон ва пиво, тӯда - тӯда либоси куҳнаву ҷандаи чиркин…

Бӯйи хӯрок омад. Наташа ҷониби бӯй мерафт. Як ҷо сангҳо болои ҳам чида шуда, дегро болояш монда буданд ва аз таги дег оташ гиронида, марде дегро мекофт. Наташа наздиктар рафта, ба даруни дег назар кард. Дар дег ким чӣ хел хӯрок балақ - балақ меҷӯшид. Ягон – ягон пиёзу сабзию нахӯд дошт ин таоми булаҷаб ва пурри макарон буд.

- Ин чӣ хӯрок аст!

- Лагман.

- Лагман?

- Ҳа, ин намуди лагманро дар Тоҷикистон мепазанд. Он ҷо оши буридааш мегӯянд.

Саидназар аз қафои Наташа гашта, аз он шод буд, ки хӯҷаин ба ҳама чиз оромона назар карда, ҷанг намекунад, дашноми қабеҳ намедиҳад. Боварӣ дошт, ки пас аз ин обрӯяш дар назди коргарон боз ҳам баландтар мешавад.

- Мешавад, ки имрӯз аз ҳисоби ман зиёфат диҳем?

Ин саволи Наташа ӯро ба худ овард.

- Чӣ хел?

- Чор нафарро ҷеғ занед.

Чор нафар даррав омаданд.

- Ба назди бозори «Солнышко» равед. Он ҷо як коргари ман шуморо мунтазир мешавад. Худи Наташа дарав телефонро бароварда, ба касе дастурҳои заруриро дод ва амр намуд, ки ҳуҷҷатҳои дар болои мизаш бударо ба ӯ фиристода, Саидро даъват кунанд.

- Ин дегро ба партов партоед. Хӯрокашро ҳам!

Ҳамаи коргарон ҳайрон монда бошанд ҳам, чизе нагуфта, даррав амри раисаро иҷро карданд.

Тақрибан баъди ним соат мошине дар пушти бино истод. Ҳасибу сиру шаробу шириниву… тамоми нуқлу наво рӯйи ҳавлӣ фароварда шуд. Коргарон ба пӯст кардани сабзӣ пардохтанд, қисми дигар картошкаву пиёзро барои шӯрбо омода мекарданд.

Як гӯсфанди пурра ва як линги говро бачаҳо реза карданд. Гӯсфанд барои шӯрбо, гов барои оши палови тоҷикӣ. Як қисмати бачаҳо тарбузу харбуза ва меваву сабзавотро даруни об мепартофтанд, ки хунук шавад.

Ду - се русбачаҳо, ки дар фирма кор мекарданд, гӯшти хукро барои русҳо ва гӯсфандро барои тоҷикон мариноват мекарданд, то шашлик пазанд. Имрӯз дар назди ин объект тӯй буд.

Қисме аз бачаҳо атрофро тоза мекарданд, мерӯфтанд, мешустанд. Чеҳраи коргарон мисли гул шукуфта буд, ҳама хурсанд, гӯё аз бемории доманадоре хеста бошанд, гӯё аз ҷанг наҷот ёфта бошанд…

Саид ҳам расида омад ва ин зиёфати олиро дида дар ҳайрат монд. Саидназарро ҷеғ зада, сабаб пурсид. Ӯ ҳам мисли писарамакаш Саид пакар буд. Саид назди Наташа омада сабаб пурсид:

- Азизам, ин ҳама хараҷу мараҷ чаро?

- Сабабашро дертар мефаҳмӣ.

- Чӣ сабаб будааст?

- Ҳозир, камтар тоқат кун.

Ошро дам партофтанд, шӯрбо балиқ - балиқ ба ҷӯш омад. Бӯйи шашлик, бӯйи гӯшти хуку гӯсфанд ва сиркову лиму ба фазо паҳн гашта ҳамаро маст мекард.

Наташа ба баландии болои қум баромад ва ҳамаро сӯяш хонд. Ин дам чашмаш ба марде афтод, ки барои донишгоҳи писараш аз ӯ маблағ пурсида буд. Садояш ҳамоно аз олами хаёл ба гӯш мерасид: «Дочка, Саиджан гаварит шито денги нету, кризис….»

Ҳама дар ҳайрат буданд, ки чаро ин зан онҳоро мисли тӯдаи гӯсфандон дар як ҷо ҷамъ карда, чизе намегӯяд. Наташа пас аз чанд лаҳза ба худ омада бо овози омирона фарёд кард:

- Саид, маро бубахш!

Саид дар ҳайрат монд.

- Наташа тинҷист? Чаро чунин мегӯйӣ? Чӣ гап шуд?

Наташа ба сухани Саид аҳамият надода гапашро идома дод:

- Имрӯз парда ба рӯйи ҳақиқат боло мешавад. Имрӯз чеҳраи аслии як марди разил кушода мешавад. Имрӯз поёни азобу уқубатҳои Шумо -тоҷикони азобкашида, тоҷикони якдигаркуш, тоҷикони хуни якдигархӯр, тоҷикони хундузд…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД