Sebiston new 2024 october
ХУНДУЗД (қисми 6)
2681

Идомааш ...

- Шумо илми иқтисодро аз куҷо ин қадар хуб медонед?

- Ман иктисодчиам,-ҷавоб дод Олим.

-Шумо чизҳои аҷиби илмиро медонед, ки як иқтисодшиноси оддӣ наметавонад аз онҳо воқиф бошад.

-Шояд, сабаб дар он бошад, ки ман солҳо ба омӯзиши илми иқтисод машғул будам.

-Оооо, шумо ба кори илмӣ ҳам машғул будед?

-Ҳа, ман номзади илми иқтисодиам.

-Аҷиб, аҷиб… аммо медонед, писарам, илм пайроҳаи худро дорад ва он як занҷира аст, агар он занҷир канда шавад, барқарор карданаш бисёр душвор хоҳад гашт. Дар баробари он ки машғули корҳои роҳбариед, ба кори илмӣ ҳам машғул шавед.

-Дилам монд устод.

-Чаро?!

-Ман шабу рӯз заҳмат кашида дар як сол рисолаи номзадӣ навиштам. Ҷавонтарин олими Тоҷикистон дар риштаи ин илм будам… Ҳангоми омодакунӣ ва ҳимояи корам ин тараф он тараф қариб 5-6 ҳазор доллар масраф кардам, аммо дар ҳеҷ ҷо кор пайдо карда натавонистам.

-Донишгоҳҳо чӣ?

-Донишгоҳҳо. Ба ҳама донишгоҳҳое, ки факулати иқтисодӣ доранд, муроҷиат кардам, ба ҳама институтҳои таҳқиқотӣ рафтам, аммо дар ҳеҷ ҷой кор ест. Танҳо дар як коллеҷ…

-Кор мекардӣ, коллеҷ ҳам бад набуд.

-Шумо суханҳоеро мегӯед, ки бародаронам гуфтанд. Онҳо, бечораҳо нахонда, бесавод дар Русия кор мекунанд, бо азоби бисёр маро хононданд. Маблағи ҳимоя ва хароҷоти онро доданд, аммо коллеҷ маро ба кор гирифта, ҳамагӣ 700 сомонӣ медиҳам мегӯяд.

-700 сомонӣ ин чӣ қадар мешавад?

-6 ҳазор рубли русӣ ё каматар аз ин.

-Ҳайф, сад ҳайф, ки ту барин ҷавон… афсӯс… аз Шумо баринҳо истифода мебояд кард. Кори илмӣ кардан мехоҳӣ? Мехоҳӣ дар донишгоҳ коратро идома диҳӣ?

-Намедонам… ин корам ҳам нағз.

-Ин коратро кардан гир, танҳо рӯзҳои шанбе ба ду- се гурӯҳи мо аз мавзӯъи иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ, яъне кишварҳои рӯ ба рушд дарс мегӯйӣ. Розӣ ҳастӣ?

-Албатта!

Ҳамин тавр Олим ба сифати дотсенти факултаи иқтисодии Донишгоҳи техникии Омск ба кор даромад. Оҳиста –оҳиста кори ӯро назора карда ба корҳои ҳукумати Омск ҷалб карданд. Вай дигар бо Саид кор намекард, аммо пуштибони Саид ва фирмаи ӯ дар сатҳи давлатӣ буд. Масоҳати ширкат торафт васеъ мешуд. Овозаи «Наш Союз» то Маскав расида дар пойтахт чанд объект гирифтанд.

Маскав. Қалби Русия. Шаҳрест, ки аз тамоми Тоҷикистон дар он ҷо муҳоҷирон кору фаъолият мекунанд. Аҳволи баъзеашон сангин аст. Надоштани дониш, надонистани забон тоҷикро дар Русия хандахариш карда буд, аммо бо омадани «Наш Союз» гӯё ба Маскав нур омад. Миқдори зиёди тоҷикон мехостанд дар ин ширкат кор кунанд… Объектҳо зиёд, аммо шахсе набуд, ки коргаронро идора кунад. Як рӯз дари Саидро кӯфтанд:

-Марҳамат!

-Мумкин?

-Дароед!

-Ээээ Саидназарҷон, чӣ хелӣ?-Саид бо дидани меҳмон якбора шукуфт, зеро ӯ қариб 15 сол боз писари амакаш Саидназарро надида буд…

Саидназар дар сохтмон худашро ҳамчун шахси меҳнатдӯст нишон дода, ҳар коре фармоянд, иҷро мекард. Забони ширинаш дар як муддати кӯтоҳ ӯро бо коргарон қарин гардонд. Саид кордонӣ ва муносибати хуби Саидназарро бо кормандон дида ӯро раиси кулли объектҳои дар Омскбуда, таъйин кард…

Наташа гирдогирди ҳуҷраи корӣ асабиёна қадам мезад. «Дочка, уже читири месяс денег не палучаем»,-гуфтани марди панҷоҳсола ва зону задани ӯ дар пеши пояш ба ёдаш расида ашк дар чашмонаш ҳалқа мезад. «Чаро, чаро ин тур шуд? Чаро коргарон чор моҳ боз ягон тин маош нагирифтаанд? Пас, пулҳое, ки вай ҳар моҳ барои музди меҳнат ва дигар ниёзҳои сохтмончиён медиҳад, ба куҷо мераванд? Саид ӯро фиреб мекунад?! Аслан ҳар чизе, ки доранд, моли ҳардуи онҳост, пас чаро вай ҳаққи заҳмати ҳамватанони худашро бо фиребу найранг аз худ мекунад? Вай ба пул ниёз надорад, пас чаро даст ба ин амали зишт ва бисёр нанговар зада бошад? Чаро? Чаро? Чаро…» аз фикру андешаи бисёр сари раиса мисли хум дам карда, қариб ба торс кафидан расид. Наташа асабиёна тугмачаи котибаро пахш кард ва баъди ду- се садои кӯтоҳ амр намуд:

-Мошини маро омода кунед, ронанда лозим нест!

-Хонум, бе ронанда куҷо меравед?

-Ман хона меравам…

-Ронанда мебарадатон…

-Ту магар карӣ! Гӯй мошинамро назди дар бароранд! Маҷбур мекунӣ, ки ба сарат дод занам, аблаҳ!

-Узр хонум…

Ӯ ҷувздонашро ҷамъ карда аз дари ҳуҷра баромад ва ба мошин нишаста роҳ пеш гирифт сӯйи объектҳо…

Наташа чанд сол боз директори кули корхона аст, аммо боре ҳам ба сари объектҳо нарафтааст. Аслан ин корҳоро Саид анҷом медиҳад. Вазифаи ӯ қоғазбозӣ. Ана расид. Бояд ҳамин ҷо бошад.

Давом дорад...

Аз идора: Идома қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа кунед.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД