arzon replenishment
ХУНДУЗД (қисми 5)
2942

Идомааш ...

Ширкати «Москва» оҳиста – оҳиста дар Архангелск объектҳои сохтмониашро тамом мекард, аммо ҳеҷ иншооти нав пайдо намешуд, то ки ширкат ба кори худ дар ин шаҳр идома диҳад. Сабаб он буд, ки ҳамон сол интихоботи губернатор мегузашт.

Губернатор, ки худаш чандин корхона дошт, барои курсиашро аз даст надодан сохтмони 16 бинои қад ба қади 16 ошёнаро ба дӯши худ гирифта, ваъда дода буд, ки агар дубора ӯро интихоб намоянд. Ҳамаи 16 бинои истиқоматии навро ба кормандони сохторҳои давлатӣ ҳадя мекунад. Шоиру нависандаю журналистони Архангелск ҳамавора губернаторро таъриф мекарданд. Губернатор бошад дар навбати худ барои сохтмони объектҳои нав ба касе иҷозат намедод.

Ҳамин тавр, ширкати «Москва» дар шаҳри Архангелск ба кори худ анҷом мебахшид ва Михаил коргаронро ҷамъ карда, гуфт, ки то ёфтани объекти нав ҳамаашон озоданд. Вай табиатан марди дилсӯз буд ва ҳамеша ғами коргаронашро мехӯрд, аз ин хотир ваъда дод, ки дар тӯли як моҳ дар Нижний Новгород чанд объект мегирад ва ҳамаро боз бо ҷойи кор таъмин мекунад. Михаил мехост Наташаву Саидро бо худ барад, аммо Наташа бемории модарашро баҳона карда, бо Михаил нарафту ҳамин тавр Саид ҳам дар Архангелск монд…

Қариб якуним сол гузашту ҳанӯз аз Михаил дарак набуд. Дар ин миён губернатор бори сеюм аз ҷониби мардум боз ба вазифааш интихоб шуда, ба сохтмони иншоотҳо пардохт ва байни ширкатҳои сохтмонӣ озмун эълон кард. Саид дид, ки бачаҳои тоҷик то ҳол бекор ва овораю сарсон гаштаанду аз ҷониби Михаил ҳам садое нест, бо Наташа маслиҳат карда, баъзе ҳуҷҷатҳои ширкати пешинаро, ки дар дасташон буд, гирифта дари губернаторро кӯфтанд.

Бахташон хандиду дар музояда аз 16 иншоот 4 тояшро буриданд. 10 иншооти дигарро ӯзбекбачаҳо соҳиб шуданд, чунки онҳо хеле арзон кор мекарданд.

Муҳоҷирони тоҷик бо сарварии Саид ба кор оғоз карда, ҷавонмардона дар сохтмонҳо кор мекарданд. Дар ин давра Саиду Наташа номи фирмаро иваз намуда, ҳамчун шахсони ҳуқуқӣ ширкати сохтмонии «Наш Союз» - ро расман аз қайди давлатӣ гузарониданд.

Ҷавонони тоҷик аввалин шуда, сохтмони яке аз биноҳоро ба итмом расониданд. Губернатор кори онҳоро хуш қабул карда, сохтмони мактабро низ ба ширкати «Наш Союз» вогузор намуд. Баъди сохтани мактаб барои муаллимон боз як бинои истиқоматӣ сохта доданд.

Саид аз барор гирифтани корашон хурсанд буд ва ҳамеша кӯшиш мекард, ки сохтмончиёни тоҷик хор нашаванд. Бачаҳои ӯзбек дар даруни сохтмон, дар рӯйи сементи хунук як ҷандаро партофта хоб мерафтанд, Саид бошад, пеш аз оғоз намудани сохтмон барои коргаронаш ҷойи хоб, ошхона ва ҳамом месохт, то одамвор, тозаю озода кору зиндагӣ кунанд.

Ҳар нафаре, ки аз назди бинои ӯзбекҳо мегузашт, сохтмончиҳои ӯзбекро, ки бо сабаби набудани шароит дар кӯча хӯрок пухта, дасти ношуста мехӯрданд ва аз тани моҳҳо обу собунро надидаашон бӯйи бад ба машом мерасид, дида, даҳону биниашро дошта мегуфт:

- Пфу, доннори вирусов!

Саид дар хашм шуда, мехост сари сарвари сохтмончиёни ӯзбекро барои баҳри коргаронаш ягон шароит муҳайё накарданаш бо санг зада кафонад. Аксаран русҳо аз назди бинои тоҷикон гузашта истода, тозагиву поккории онҳоро дида, дар ҳайрат мемонданд ва ҳамеша суол мекарданд:

- Вы туркмени или казахи?

Саид дар ғазаб шуда бо виқор мегуфт:

- Мы таджики!

- А как это понять? Там таджики сидят в грязи, а вы здесь навели порядок?

- Они не таджики, они узбеки, - мефаҳмонд Саид.

- Они говорили что таджики, - гуфта, рус китф дарҳам кашида мегузашт.

Ҳозир дар Русия ҷӯгиро пурсанд, ки миллатат чист, ман тоҷикам мегӯяд, бомжро пурсанд, ки аз куҷоӣ, мегӯяд, ки аз Тоҷикистон, ӯзбекро пурсанд мегӯяд аз Тоҷикистон. Номи Тоҷикистонро паст мезананд. Баръакс худи тоҷиконро пурсанд, намегӯяд, ки Тоҷикистонӣ аст. Албатта аз Помирам ё аз Хуҷанд мегӯяд…

Андешаҳои дарҳаму барҳам ҳеҷ Саидро ором намегузоштанд ва ӯ шабу рӯз фикр карда, роҳи наҷот ёфтанро аз ин варта меҷуст. Ӯ ҳамавақт бачаҳои тоҷикро ташвиқ мекард, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя кунанд. Байни ҳамдигар бо забони русӣ гап зананд, то забондониашон хуб шавад, аммо чуноне, ки бо як гул баҳор намешавад, танҳо бо як ширкати Саид обрӯи миллатро бардошта намешуд.

Телевизорро гирён кардан баробар дар экрани телевизиони «ТНТ» барномаи «Наша Раша» сар мешуд ва боз Галюстян тоҷиконро масхара мекард. Саид аз ин даҳчанд дар ғазаб шуда, мехост дару деворро шиканад, вале дастони наҳифу нафису мулоиме даври гарданаш ҳалқа мешуданд. Бӯйи атри қиммати франсузии Наташа ба димоғи Саид зада, руҳу равонаш роҳат мекард. Лабони нозуки зан ба гарданаш расида нафаси гармаш ҷавонмардро беқарор мекард. Саид мисли шикорчие, ки сайди бо пойи худ ба дом омадаро аз даст додан намехоҳад, чолокона Наташаро ба оғӯш мегирифт ва бӯсаборон мекард.

- Ист, касе аз дар медарояд. Ин ҷо ҳуҷраи корӣ, - бо нозу ишва пичиррос мезад зан.

- Ин ҳуҷраи кории ту - директори кули ширкати «Наш Союз» аст ва ба назди ту набояд касе беиҷозат ворид шавад.

- Бин да, боз шарманда нашавем…

Ширкати онҳо рӯз аз рӯз рушду нумӯъ мекард. Ӯзбекҳо, ки 10 объектро гирифта буданд, то вақти муайян базӯр 6 объект супориданд. Губернатор 4 бинои дигарро аз дасти онҳо кашида гирифту ба «Наш Союз» дод.

Ширкати Саид дар панҷ сол дар байни сарватмандони Архангелск машҳур шуд. Акнун миллионерҳои рус сохтмони дачаву виллу коттеҷу бӯстонсароҳои худро ба ӯ месупурданд ва аз сифати хуби кори бачаҳои тоҷик дар ҳайрат монда, онҳоро ба дӯстонашон тавсия мекарданд. Ширкати онҳо натанҳо дар Архангелск, балки дар дигар вилоятҳо низ овозадор гашта буд.

Губернатори шаҳри Омск барои сохтмони 4 бинои истиқоматӣ Саидро даъват кард. Саид барои омӯзиши биноҳо рафта сари қадам ба бозори мардикорон даромад. Бозор пур аз тоҷикони бекор буд. Бо забони русӣ бо чанд нафарашон суолу ҷавоб кард. Маълум шуд, ки мардикорон забони русиро намедонанд. Дар байнашон танҳо як нафар бо забони тозаи русӣ гап мезад. Ин ҷавон Саидро қоил кард.

- Чӣ ном дорӣ, бача? - пурсид Саид.

- Олам.

- Маълумот дорӣ?

- Ҳа, номзади илми иқтисод, дар риштаи иқтисодиёти байналмиллалӣ ҳастам.

- Номзади илм? Дар ин ҷо чӣ номаъқул мекунӣ?

- Зиндагӣ вазнин, падарам дасти танҳо, дар хона 4 хӯранда дорем. Ғайр аз ин, ман бояд зан гирам. Хонаву ҷойи зист надорам.

- Чанд рӯз шуд, ки омадӣ?

- 3 рӯз.

- Чаро дар ин бозор фақат тоҷикон бекор?

- Ман се рӯз боз ин ҷо ҳастам. Мушоҳида кардам, ки мардикоронро ҳам даллолон савдо мекунанд. Даллолони бозор ҳама ӯзбеканд. Барои ҳамин кӯшиш мекунанд, ки аввал барои ҳаммиллатони худашон кор ёбанд. Ман аллакай ба 11 нафар тоҷикон ҷойи кор ёфтам.

- Ба ман ҳам якчанд нафар лозим. Киро тавсия медиҳӣ.

- Чанд нафар?

- Як 100 нафар.

- О 100 нафарро чӣ кор мекунед?

-Сохтмон. Объект гирифтаам. Чор биноро бояд то моҳи август супорем.

- Дар ин ҷо тақрибан 80 нафаранд.

- Мешавад, боз аз ин тараф он тараф меёбем. Ту роҳбарашон мешавӣ.

- Чӣ хел ман роҳбар?

- Аз ин пас ту роҳбари объектҳои дар ин шаҳр будаи ширкати мо мешавӣ. Рафти корро ман бевосита худам назорат мекунам, ту ба бачаҳо соягӣ мекунӣ. Байни худамон русӣ гап мезанем.

- Майлашу, лекин аз ман роҳбар мебарояд? Ман дар умрам ягон бор бо кори сохтмон машғул нашудаам…

- Сохтмонро дигарон назорат мекунанд. Ту фақат коргаронро назорат карда, маошашонро медиҳӣ.

- Майлаш. Ба шумо ташаккур.

- Ташаккурро баъди тамомшавии кор мегӯӣ!

Пайдо шудани Олим барин ҷавон, самти кори фирмаи «Наш Союз»-ро ба куллӣ дигар кард. Ӯ дасти рости Саид шуд. Саид бе Олим ба оддитарин мулоқот ҳам намедаромад. Ин ҷавони донишманд, ки худ иқтисодшинос ва номзади илми иқтисодӣ буд, бо усулҳои муосири идоракунӣ ва маблағҷудокунӣ дар муддати кӯтоҳ дар шароитҳои буҳронӣ ҳам, ширкатро наҷот медод. Бе лакнат ва шево бо забони русӣ сухан рондан ва аз таъбирҳои мардуми русу нависандагони бузурги ҷаҳон иқтибосҳо овардани Олим шарикони ширкатро мафтун мекарду зуд ба ҳамкорӣ розӣ мешуданд. Ба шарофати ҳамин ҷавони донишманду сухандон кори ширкат рӯз то рӯз бештар пеш мерафт. Декани факултети иқтисод ва сохтмони Донишгоҳи техникии Омск барои гузаронидани таҷрибаомӯзии шогирдонаш ба ширкати «Наш Союз» муроҷиат карда, бо Олиму Саид мулоқот анҷом дод. Ҷиддӣ ва касбӣ гап задани Олим ба профессори шинохта писанд омада, пурсид:

Давом дорад...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД