Formula novemver 2024
ХУНДУЗД (қисми 4)
3558

Идомааш ...

Дар гирду гӯшаи Ховалинг шояд одаме набошад, ки аҳли авлоди Усто Рандаро нашиносад. Аслан, Ранда ном шахс ҳеҷ гоҳ зиндагӣ накардааст, аммо чун шаҷараи ин авлод насл ба насл, ба дуредгарӣ машғуланду изи дасти онҳоро дар масҷиду хонаҳо, мазору қабристонҳо, бозорҳо, чойхонаҳо, мактабу бемористон ва хонаҳои мардум метавон дарёфт, лақаби Ранда ба ин авлод часпида мондааст.

Онҳо насл ба насл, авлод ба авлод меҳнати ҳалол карда, нони ҳалол хӯрда меоянд. Дастони пурэъҷози ин авлод ҳамеша аз чӯбу сангу гил муъҷиза сохта, мардумро мафтун менамуданд. Кадоме аз бобоҳояшон аз сафар ба Ховалинг ранда меораду мардуми то он вақт рандаро надида, дар ҳайрат афтида, соҳиби ин асбоби аҷоибро «Усто Ранда» мегуфтагӣ мешаванд. Ҳамин тавр лақаби Ранда ба номи набераю аберагони усто низ часпак шуда монд. Саид ҳам аз табори ҳамин хонадон аст, яъне набераи Усто Ранда.

Баъди пошхӯрии ҳукумати Шӯравӣ дар хоки Тоҷикистон ҷанги хонумонсӯз бархест. Дигар на ниёз ба усто буд, на ба каси дигар. Саиди он вақт ҳанӯз 20 - сола дар байни дуроҳа, аниқтараш дар миёни даҳроҳа монда, намедонист ба кадом самт равад. Касби авлодиро давом диҳад ояндадор нест, чунки мардум нони хӯрдан намеёбанд, хонданӣ равад, маълум нест, оянда чӣ мешавад…

Ниҳоят саргаранг шуда таваккалан роҳ пеш гирифт сӯйи Маскав. Маскаве, ки як замон ҳамаи онҳоро иттиҳод мекарду ҳама орзуи дидани онро доштанд.

Дар Маскав зиндагии ӯ ба сахтӣ мегузашт. Он ҷо ҳам ҳукумат дар дасти бандитҳо буд. Саид ба ҳар коре, ки меёфт, даст мезад, фарқ надошт, ки боркашист ё барфрӯбӣ. Муҳимаш сарпаноҳ бошаду ягон қути лоямут.

Рӯзе панҷараи чӯбини дачаи як русро таъмир мекард. Марди рус, ки аз ҳашамати дачааш одами сарватманд буданаш аён буд, бо ӯ чақ - чақ карда, аз бутал пиво менӯшид. Чашми Саид ба пешайвони хонаи рус афтод, ки фарсуда шудаву наздик ба валангоршавист, пешниҳод намуд, ки онро тармим кунад. Марди рус розӣ шуд. Саид корро моҳирона анҷом дод. Мард ҳайрон шуда пурсид:

- Ту усто ҳам ҳастӣ? Кори чӯбу тахтаро аз куҷо медонӣ?

Саид аз камари Усто Ранда буданашу авлоди устоҳо буданашро қисса кард. Марди рус, ки худро Михаил муаррифӣ карда буд, нақли ӯро шунидаю сифати корашро дида гуфт:

- Ту устои чирадаст будаӣ, дар объектҳои дар Самфиропол будаи ман ба сифати усто кор мекунӣ?

Саид каме фикр карда пурсид:

- Чанд пул медиҳӣ?

Михаил маблағи хуберо ном бурду ҷавон розӣ шуд.

Ширкати сохтмонии «Москва» яке аз ширкатҳои бонуфузи сохтмонии Русия буда, дар тобеияташ сохтмонҳои бузург дошт. Кор дар як силсила объектҳои дар Самфиропол будаи ин ширкат, бинобар надоштани кадрҳои касбӣ, махсусан набудани системаи хуби роҳбарӣ суст пеш мерафт.

Саид ба кори нав рафта, аҳволи зори коргаронро диду дилаш хун шуд. Бечораҳо дар рӯйи сементу қум ҷойгаҳ андохта мехобиданд. Ягон шароити дурусти корӣ набуд. Аввалин коре, ки ӯ кард, дар паҳлӯи объект аз чӯб хонаи 4 ҳуҷрадор бунёд намудан буд. Ошхона сохт, ҳаммом сохт, хулоса коргаронро ба қатори одамон даровард…

Се сол пас гурӯҳи ҷавонони тоҷикистонӣ, ки дар Самферопол бекору бе ҷойи хоб буданд, аз Саид кӯмак пурсиданд ва ӯ ҳамаи онҳоро муттаҳид намуда, ду - се объекти сохтмонии ширкати «Москва» - ро роҳбарӣ мекардагӣ шуд. Ана дар ҳамин ҷой бо Наташа, ки вазифаи котибагии Михаилро иҷро мекард, шинос шуданд…

Саид ҳуҷҷатҳоро гирифта, назди Михаил барои имзокунӣ омад. Дар қабулгоҳ зани тақрибан 30 - солае менишаст. Мӯйҳои кӯтоҳкардашуда, мижаҳои дароз, гардани булӯрин, умуман ҳур дар сари фармони кампутар менишаст ва принтер беист, ҷон канда – ҷон канда қоғазҳоро чоп мекард. Саид хост назди шеф дарояд, вале хонуми пушти компютер нишаста сарашро бардошта, омирона пурсид:

- Ҷаноб, шумо ба куҷо? Дар наздашон одам…

Саид ноҳинҷор ба курсӣ нишаст. Наташа саросема ҳама ҳуҷҷатҳоро аз принтер гирифт ва баста карда рӯйи миз гузошту пурсид:

- Чой ё қаҳва?

Саид аз лутфи хонум, ки қариб 10 дақиқа боз ба кори худ овора буд ва ҳатто ба ӯ нимнигоҳе намекард, мамнун шуда, бо нимтабассум гуфт:

- Қаҳваи сиёҳи камшакар мешуд, беҳтар буд…

- Қабул, - хонум аз ҷой хеста дар мошини қаҳвакунӣ фармони қаҳваи камшакарро доду ба финҷони майдатар ба Саид қаҳва рехта ба худаш дар як истакони калонтар моеи ғафстаре рехт.

 

- Шумо қаҳваро дӯст намедоред?, - пурсид Саид.

- Дӯст медорам, аммо – ба истакони дасташ ишора карда- капучино беҳтар, гуфт хонум.

Саид ин мафҳумро бори аввал мешунид ва он ҳам аз забони хонуми бисёр зебо.

- Медонед, узр, номатон чӣ буд?

- Наташа.

- Наташа, номи зебо…

Ин дам аз назди раис марде бурун шуд. Саид ишора кард, ки дарояд ё не, Наташа тугмаи телефонро пахш карда пурсид:

- Шеф, назди Шумо омаданд… узр, номатон чӣ буд? … Саид… дароянд?... дароед!

Баъди назди Михаил даромадан ва гирифтани боз чанд объекти дигар Саид бо Наташа наздиктар шинос шуд. Ӯ вақти суҳбат диққат дода дид, ки дар дасти зан ангуштарин нест! Яъне озод! Яъне, парандаи баландпарвоз! Куҷое хоҳад, меравад, бо касе хоҳад, меравад!

Саид дар ҳамин фикру хаёл буд, ки Наташа норозиёна пичиррос зад:

- Чаро нагуфтед, ки шумо роҳбари объектҳоед?

- Чӣ буд?

- Шеф маро ҷанг карданд, ки Шуморо маътал кардам… агар мегуфтед, ки Шумо роҳбари объектҳоед, интизоратон намекардам. Меҳмони дохил шахси муҳим набуд, ҳамту, дӯсти шеф!

- Мехостам гӯям, аммо шумо ба ман капучино тайёр накардед, қаҳрам карду нагуфтам.

- Бисёр одами шӯх будаед! Капучино бошад, капучино, - котиба аз ҷояш бархоста, дар истакон капучино овард.

Тамъи қаҳвамонанд, аммо каме талхтару фачтари капучино аслан ба Саид маъқул нашуд, вале сир бой надода гуфт:

- Бисёр болаззат, аммо ман конякро дӯст медорам.

-Ин ҷо корхона аст, агар коняк хоҳед, метавонем ягон рӯз якҷоя нӯшем. Ман ҳам конякро дӯст медорам.

-Розӣ мешавед, ки ман шуморо бегоҳ ба тарабхона даъват кунам?

- Ман ин тавр нагуфтаам, аммо бо шумо барин мард, метавонам ҳатто ба он дунё равам…

Он бегоҳ дар тарабхона суҳбати онҳо бисёр самимӣ, бисёр ошиқона гузашт…

Давом дорад ...

Аз идора: Идомаи қиссаро пагоҳ соати 21:00 мутолиа кунед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД