Идомааш …
Ин дам Саид низ аз зинаҳо поён шуд ва ба касе салом надода, рост сӯйи ҷевон рафту шишаи конякро берун кашида, ба қадаҳ сад грамм рехта, бардошт. Боз садтои дигар ва чизе нагуфта, беовоз аз дар берун шуд. Ронанда даррав ҷувздонашро аз дасташ гирифта, дари қафои мошинро кушод.
Саид худашро дохили мошин гирифтан замон «Volkswagen» - и сиёҳ ба ҳаракат даромад ва ҷояшро «Nisan Murano» - и сафед гирифт. Наташа омадани мошинашро дида осемасар сӯйи дар равон шуд. Елена аз рафтори зану шавҳар бештар дар ҳайрат афтида нидо кард:
- Хонум чизе нахӯрдед?
Вале кадбону ҷавоб надод. Ӯ аллакай дар назди ронанда буд…
Дар кӯчаи марказии Рублёвка қатори даҳҳо мошинаҳои гаронарзиш, мошинҳои Саиду Наташа ҳам пешу қафо ҳаракат мекарданд. Борон бо шиддат меборид. Наташа аз оинаи мошин ба берун менигарист, вале чизеро намедид. Вай дар дунёи хаёлот ғӯтта зада буд.
Оби чашмонаш беихтиёр шорида, туши мижгонҳояшро шуста, мисли дарёи маҷрогумкарда ба чеҳраи барф барин сап - сафедаш мефаромад. Гӯё дар даруни мошин ҳам борон меборид. Борони ғам, борони андуҳ…
Наташа аз байни селборони ашк хаёлан чеҳраи Носири 60 - соларо медид, ки бо ришу мӯйлаби расида ва мӯйи мошубиринҷии тораҳои сафедаш афзунтар аз торҳои сиёҳ ва нигоҳи кӯдаконаи беолоиш, гӯё худашро гунаҳкор эҳсос карда, зорӣ менамояд:
- Хозяйка… простите, денег нужен. Понимаю, што шейчас кризис, но мой сын исключат в институт… жена болеет, девушки голий, голодний… пожалуста …
Ӯ мақсади Носирро, ҳарчанд бо забони русӣ канда – канда гап мезад, фаҳмид. Мӯйсафед пул мехост. Наташа фаҳмид, ки агар ин мардак пул надиҳад, писарашро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд. Фаҳмид, ки зани ин мард дар Тоҷикистон бемор ва кӯдаконаш гуруснаву бараҳнаанд…
- Как денеги нужени ако - Носирджон? Ещё неделя не прошла, как вы зарплату получили. (Чӣ тавр пул лозим ако - Носир? Як ҳафта нашудааст, маошгириатонро)
Носир сарашро гунаҳкорона бардошт ва бо овози паст пичиррос зад:
- Какой ниделия? Мы читири месяц денег не получаем. (Чӣ хел як ҳафта? Мо чор моҳ боз маош нагирифтаем).
- Как это не получили? Почему же?... (Чӣ хел? Барои чӣ?)
- Хозяин говарит што кризис, денег нету! (Хӯҷаин мегӯяд, ки маблағ нест! Ҳозир буҳрон)
Чашмони Наташа гӯё аз косахонаи сараш баромаданд.
- Какой хозяин? (Кадом хӯҷаин?)
- Наш Саиджан, синь Баротали… Баротали, отес Саиджан, бил мой друг… сасед… жили 50 лет… (Саидҷон, писари Бароталӣ. Бароталӣ дӯсту ҳамсояи ман буд. 50 сол дар ҳамсоягӣ зистем.)
Наташаро гӯё барқ зад.
- Сколько денег Вам нужно? (Чӣ қадар маблағ ба Шумо лозим?)
- 28 800 рублей (28 800 рубл)
Наташа зуд ба шуъбаи муҳосибот занг зад ва амр дод, ки ба Носир 35 ҳазор рубли русӣ диҳанд. Дар чашмони Носир якбора ситораи шодӣ дурахшида, дар лабони порсингбастааш табассум гул кард. Хурсандиашро ҳадду канор набуд.
- Спасиба дочка. Спасиба дочка, - мегуфту халос.
Вақте Наташа аз ҷояш хеста, ӯро гуселониданӣ шуд, мӯйсафед дастони ӯро гирифта бӯсид, бӯйид ва падарвор миёни ангуштони шахшули мардонааш ламс карда, пеши пойи ӯ ба зону зад.
- Спасиба дочка, ты спас моего сина… единственний син…
Наташа аз китфаш гирифта, пирамардро аз ҷояш хезонд ва то дами дар гусел кард. Носир гӯё паррон - парон сӯйи муҳосибот мерафт. Табъи Наташа вайрон шуд.
Ҷавонзан бо қошу қавоқи овезон аз дил мегузаронд, ки чӣ тавр Саид тавонистааст ба Носир, ба мӯйсафеде, ки ҳамсоли падараш аст, дурӯғ гӯяд. Шарм надошта, ба тамоми бригада дурӯғ гуфтааст, ки давраи буҳронист. Чор моҳ онҳоро кор фармуда, як тини пучак ҳам надодааст. Маълум, ки бечораҳо ҳатто пули собунхарӣ надоранд. Корхонаи онҳо дар авҷи тараққиёт аст, пас чаро Саид дурӯғ гуфтааст?
Ширкати сохтмонии «Наш Союз» имрӯз аз муваффақтарин ширкатҳои сохтмонии Русия аст, ки дар таҳти назораташ айни ҳол 128 объекти сохтмонӣ дорад, ки аз он 5 - тоаш иншоотҳои муҳими аср ба ҳисоб мераванд.
Яке аз майдонҳои варзиши сабук, як меҳмонхона барои 5 ҳазор нафар дар Сочӣ, 14 бинои 37 ошёна дар Петербург, 17 бӯстонсарову вилла ва котеҷҳо дар Подмосковя барои сарватмандони рус ва даҳҳо иншоотҳои дигарро маҳз «Наш Союз» месозад. Онҳо ҳеҷ гуна камбудии пулӣ надоранд, пас чӣ Саидро мақбур кардааст, ки коргаронро чунин беинсофона фиреб карда дурӯғ гӯяд? «Наш союз» монополиякунандаи асосии бозори сохтмонии Русия маҳсуб меёбад-ку…
«Оҳ Саид… Саид, вақти ташкили ин ширкат ту чӣ орзу карда будӣ? Мегуфтӣ, ки барои тоҷикони хору залилам ҷойи кори хуб муҳайё месозам, то онҳо кидат нашаванд, фиреб нахӯранд… Аммо худат тоҷиконро фиреб медодаӣ - ку!» - асабиёна дар утоқи кориаш пасу пеш қадам зада, меандешид Наташа. «Парер рӯз барои ҳамин шартномаи маошро овардиву саросемаам кардӣ, ки зуд имзо монаму ту барӣ! Нагузоштӣ, ки маоши ҳамаро як маротиба ҳисобу китоб кунам. Гуфтӣ, ки ҳама ҷобаҷосту вақт надорӣ. Ман ба зери шартномае имзо кардам, ки 8 миллион рубл маоши кормандони сексияи Москвагӣ ҷудо шуда буд. Кай меоӣ Саид? Саиди хоин, Саиди золим, Саиди фиребгар…»…
Бо ҳамин фикру хаёлот хона омад, то ба чашми Саид нигоҳ карда ҳақиқатро аз ӯ пурсад, аммо ба «шоми романтикӣ» афтид ва тани танҳо то субҳ 4 шиша шароб нӯшид…
Мошин пушти дари офис қарор гирифт. Бинои офис 8 ошёна дошта тамоми сохтмонҳои «Наш Союз» аз ҳамин ҷо идора мешавад. Менеҷерҳо, экспертҳо ва дигар кормандони масъул дар ҳамин бино мешинанд ва директории онро Наташа бар дӯш дорад. Роҳбари кулл ва молики корхона Саиди тоҷик аст.
Онҳо ба осонӣ соҳиби чунин ширкати бонуфуз нашудаанд. Саид аввалҳо устои калон буд ва ба сохтмонҳо роҳбарӣ мекард. Охирон ширкате, ки ӯ ҳамчун тобеъ кор мекард, ширкати «Москва » буд ва ба як миллионери рус иртибот дошт. Наташа ёрдамчии раиси «Москва» буд. Аввалин шарораи муҳаббат байни онҳо дар ҳамон ҷо шаъ - шаъа пошид ва ҳардуро бо ҳам пайваст...
Давом дорад ...
Аз идора: Давоми қиссаро пагоҳ шаб соати 21:00 мутолиа кунед.