Formula novemver 2024
Хунбаҳо Қисми 1
2326


Сабоҳатхола яку якбора ду келин гирифта, номаш вирди забони мардум шуд. Шавҳараш Раҳимбой яке аз мардони сарватманд ва номдори шаҳр ба шумор мерафт ва бархе бо ҳасаду бархе бо муҳаббат ба маъракаи онҳо назар мекарданд.

Келини калонии Сабоҳатхола барояшон бегоне не, духтари дӯсти наздики шавҳараш Муродбек гашт. Раҳимбой духтари Муродбек-Маҳинаро солҳо пеш барои писараш таги чашм карда буд ва доим ба дӯсташ мегуфт, ки Маҳинаро ба писарам Дагарҷон келин мекунам. Ниҳоят Раҳимбой ба орзуяш расид.

Келини дуюмро писари эркаи хонавода Диловар худаш ёфта интихоб карда буд. Диловар чунон нозпарвард буд, ки гапи ӯро на падару ду карда метавонисту на модараш, барои ҳамин зану шавҳар маҷбур шуданд, ки духтари интихобкардаи бачаи эркаашонро келин кунанд. Ба гуфти Диловар Санавбар бисёр духтари орому ботамкин ва кордону чаққон будааст.

Ӯ дар донишгоҳ таҳсил карда ҳамзамон дар он ҷо кор мекардааст. Диловар ба модараш Санавбарро чунон таърифу тавсиф кард, ки ноуфтанӣ. Сабоҳат ба писараш сахт нигариста гуфт:
-Барои ман дар куҷо таҳсил карданаш тамоман муҳим нест. Панҷ панҷааш ҳунар бошад шуд. Аксарияти духтарҳои хондагӣ бе дасту панҷа мешаванд. Илму дониш гуфта тайёр хӯрда мегарданд ва ҳатто аз ӯҳдаи пухтани як дона тухм ё шӯрбо ҳам намебароянд. Маро бин писарам, пешакӣ гуфта мемонам, ки ба ман чунин келини беҳунар лозим нест!
Диловар модарашро бовар кунонидани мешуд, ки духтари интихоб кардааш хондагӣ бошад ҳам, беҳунар нест ва албатта ба онҳо писанд меояд.
Ниҳоят Сабоҳатхола тӯйи домодии писаронашро бо таъби дили худ гузаронд. Аввал ҳарду келин чаққонии худро нишон медоданд аммо, баъдтар маълум шуд, ки Маҳина аз ӯҳдаи рӯзғордорӣ чандон намебаромадааст. Дар ҳақиқат Санавбар духтари хондагӣ бошад ҳам, назар ба Маҳина кордону чаққон баромада, ба зуди дили хушдоманашро ёфт. Сабоҳатхола доим ба Маҳина таъкид мекард, ки аз авсунаш Санавбар корҳои хонаро омӯзад. Маҳина духтари сарпаст буд ва ҳаракат мекард, ки пазандагиро аз Санавбар ёд гирад, вале авсунаш ӯро ҳамеша паст зада, меранҷонд.

Аз байн ду моҳ гузашт. Санавбар ҳомила шуд. Сабоҳатхола дугоник будани ҷанинро фаҳмида қариб буд шодикаф шавад. Сабоҳат аз он ки келини хурдиаш дугоник таваллуд мекунад, гӯё болу пар бароварда, дигар иҷозат намедод, ки Санавбар дасташро ба оби сард занад. Маҳина ҳанӯз ҳомила нашуда буд ва баъди ҳомила шудани авсунаш тамоми кору бори хона бар дӯши вай афтид, аммо ҳамоно барои ноуҳдабароияш мудом гап мешунид.
Ҳамин тавр аз ду сол гузашта дугоникҳои Санавбар яксола шуданд, вале аз чи бошад, ки Маҳина ҳомиладор намешуд. Оҳиста-оҳиста пастзании атрофиён ва таънаву маломати аҳли оила ва шиносу ношинос сар шуд, махсусан авсунаш Санавбар пинҳону ошкор Маҳинаро паст зада бефарзандияшро ба рӯяш мекашид.
Косаи сабри Сабоҳатхола лабрез гашта, як рӯз келинашро худаш пешандоз крада ба беморхона бурд. Ӯ ба умед ба духтур нигариста мунтазири ҷавоб буд.
-Холаҷон, организми келинатон барои фарзандор шудан ҳоло омода нест. Дар баъзе бонувон чунин мешавад. Тоқат кунед, як муддат гузарад, бо хости Худо фарзандор мешавад,-кампирро дилпур кард духтурзан, вале...

Сабоҳатхола аз дугоникдор шудани Санавбар хурсанд бошад ҳам, чеҳраи маъюси Маҳинаро дида, дилаш об мешуд. Санавбар аз дугоникдор шуданаш фарх карда, мудом авсунаш Маҳинаро паст мезад, ки духтари беҳунар аст, натанҳо кору бори хонаро дуруст саришта карда наметавонад, балки ҳатто як духтар ё писар ҳам зоида натавонист, ки забонаш каме дароз шавад.
Маҳина гӯшашро ба карӣт зада, бо сари хам хизмати аҳли оиларо мекард, аммо авсунаш ба вай рӯз нишон намедод. Сабоҳатхола ҳарчанд чунин рафтори келинашро медид, аммо барои ислоҳ шудани Санавбар чизе намегуфт.
Маҳина, ки дарв ақташ духтари эркаи падару модараш бошад ҳам, табиатан хоксор буд, дили касеро ранҷонидан намехост ва ба ҳарфҳои талхи авсунаш ҷавоб намедод. Хомӯшии ӯро дида Санавбар рӯз то рӯз шаттоҳтар мешуд ва сари ҳар қадам ягон гапи ноҷо зада, бо заҳри забонаш дили Маҳинаро озор медод.

Рӯзе як дугонаи Маҳина бо чашмони аз зарби мушту галад сиёҳу кабуд шуда ба хонаи онҳо омад. Дили Маҳина аз дидани ин манзара реш-реш шуда аз дугонааш Моҳинур асли воқеаро пурсид.
-Ин қавлу қасамҳои мардон ҳамааш беҳуда будааст, пеш аз тӯй сӯхтам, пухтам, азизам, асалам мегӯянду баъди оне ки занашон шудӣ, дар сарат чормағз мешикананд. Шавҳарат бо ким-кадом занҳои бегона шабҳоро саҳар мекунаду ту болишро ба оғӯш гирифта, то саҳар гиря мекунӣ, рӯзи дигар бошад, сабаби шаб ба хона наомадани шавҳарро пурсида, калтак ҳам мехӯрӣ. Зиндагӣ ҳаимн будааст дугона,-оби дида рехта гуфт Моҳинур.
Маҳина аз шунидани гапҳои Моҳинур ба даҳшат афтида, дар дилаш кирми рашк бедор шуд, ки вай то ҳол ҳомиладор нашудаасту як рӯз не, шавҳараш мисли шавҳари Моҳинур кайҳо маъшуқа ёфтагист...
(Давом дорад)

Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД