Formula novemver 2024
Хунбаҳо Қисми 1
14.08.2022
ОИЛА
2335

                         

                              Ишқи духтари мулло

Гулсифату Шумқор аз рўйи ишқи бузург хонадор шуда буданд, ишқи онҳо ба дараҷае мустаҳкам буд, ки ду душмани ҷонӣ атеисти ашаддӣ муаллим Камол, падари Шумқор маҷбур шуд ба хонаи домуллои деҳа Асҳобиддин хостгорӣ равад. Духтари домулло байни шаш бародар эркаю ноздонаи падар буд ва ба падараш рўирост гуфт, ки агар хостгорҳои Шумқорро намепазиред, ман худам ба хонаашон меравам. Бародари хурдияш Саидмуҳиддин хоҳари саркашашро зери мушту лагад гирифт, аммо духтар ба ақидааш устувор буд. Муаллими Камол ба писараш Шумқор, ки Донишгоҳи тарбияи ҷисмониро хатм карда, омада буду дар комиссариати ҳарбии ноҳия кор мекард, гуфт:

-Бачам, домулло мана нағз намебинад, ҳар куҷо бадам мегўяд, саломамро ба зӯр алейк мегирад, биё гарданамро дар пеши вай хам накун,-аммо Камол бо ҷиддият посух дод, ки” падарҷон, як бор равед, агар не гуфт, он тарафаш кори ман”. Холаи Моҳбегим, модари Шумқор аз ин амали писараш шод буд, зеро худаш аз авлоди домуллоҳо буду бовар дошт, ки қадами Гулсифат ба хонадонашон расад, баракату нусрат вориди манзилаш мешавад. Дили модар хавотир буд, ки домулло барои қудо шудан бо шавҳари вай, ки директори мактаб буду мудом муллоҳоро наҳ мезад, розӣ намешавад, вале боварии писараш ба ў умед мебахшид.

Муаллими Камол ба хотири писари ягонааш, ки аз ҷон зиёдтар дўсташ медошт, ба ин «қурбонӣ» розӣ шуд. Холаи Моҳбегим кулчаву қатлама, озуқу ҳалво пухту шавҳарашро бо раиси ҷамоат ба хонаи домулло хостгорӣ фиристод. Домулло Асҳобиддин ғайричашмдошти муаллими Камол меҳмононро бо оғўши кушоду дастархони бо нозу неъмат пешвоз гирифт ва ваъда дод, ки баъди маслиҳат намудан бо духтарашу пайвандон рўзи дигар ҷавоби хостгоронро мегардонад. Домуллои боандеша намехост қадри худу духтарашро дар назди муаллим паст занад, вагарна ризо буд, аз таҳдидҳои духтараш метарсид…

                                 Базми висол

Зани домулло Занҷирабонуи порсо, Шумқорро аз кўдакияш дўст медошту аз пайванд бо хешдухтараш Моҳбегим ризо буд, зеро медонист духтараш дар ин хонадон хор намешавад. Рўзи дигар писари домулло дастархонҳои хонаи қудошавандаро гардонду аз ризоияти аҳли байт ба ин издивоҷ хабар дод. Аслан Шумқору Гулсифат хеле кам бо ҳам вомехўрданд, зеро духтари домулло мисли духтарҳои дигар озод набуду ба тӯю сур намерафт, вале як вохўрӣ дар лаби чашма боиси ишқи ду ҷавон гашт. Духтар синфи ҳашт мехонду Шумқор бошад, дар курси саввум, хостгорони Гулсифати нозанин аз мўйи сараш зиёд буданд, вале ў рӯирост гуфт, ки Шумқорро дўст медорад. Муаллими Камол ҳофизони номдорро ба тўяш даъват кард, вале Гулсифат ба хотири падараш сари тахт набаромад. Тӯй бе арўсу домод гузашта бошад ҳам, то дер таърифаш аз забони мардум канда набуд. Дар хонадони домулло домодашонро зуд дўст доштанд, акнун ў дасти рости хусураш буд, домулло ҳар куҷо равад, бо мошини домодаш мерафт. Шумқорбек мегуфту аз забонаш асал мерехт…

Ҳамин гуна Гулсифатро дар оилаи шавҳар дўст медоштанд, муаллими Камол ба хотири келини Қуръонхонашу қудои домуллояш дигар ба муллоҳо кордор намешуд, намозхон ҳам шуд. Холаи Моҳбегим бошад, мудом садқаву балогардони келини нозанину ҳунармандаш буд. Дар қади Гулсифат фарзанд заду хурсандии хусуру хушдоман ҳадду канор надошт, онҳо мехостанд ба зудӣ соҳиби набера шаванд, он рўзи муборак ҳам фаро расид…

                            Бачамур

Гулсифат баъд аз гузаштани моҳҳои ҳамлаш писараки зебо таваллуд кард, ки номашро Муродҷон монданд. Кўдак нуру чароғи хона, равшании дили бобову бибӣ буд, фарбеҳаку тоза, ширинаку хандонрўй, вале баъди шашмоҳагӣ рўз аз рўз хазон мешуд. Духтурон дар ҷисми кўдак бемориеро намеёфтанд, вале тифлак рўз аз рўз хароб шуда, ба рагу ришта мубаддал гашту оқибат чун шамъи дар об зада хомўш шуд. Гиряҳои зор-зори бибиву бобо, падару модар ва пайвандон ба осмон дакка мехўрд. Модари Гулсифат ўро насиҳат карда мегуфт, ки айб аст ин қадар зораву нола накун, Худо хоҳад, боз соҳиби фарзанд мешавӣ. Аммо холаи Моҳбегим сӯхтанҳои келинашро дида мегуфт:

-Як пирамарде буд, писари ҷавонаш аз олам мегузарад, вай нола мекард, ки камони пуртирамро бурдӣ аҷал. Арўсаки дигар, ки дар ҳамсоягии мўйсафед мезист, кўдаки навзодаш мурда буд, арўсак нола мекард, ки синаи пурширама бурдӣ фалак… Оқибат ҷавонзан аз пайи писараки ширхорааш оламро падруд гуфт ва мўйсафед андешаманд гуфт, дили модар тоқати дардро надоштааст, синаи пуршир аз камони пуртир сўзандатар будааст…

Пас аз Муродҷони номурод шаш фарзанди дигари Гулсифату Шумқор аз олам гузаштанд, на табиб ба додашон мерасиду на мулло. Гулсифат гоҳо назди падар мегирист, ки ту дар издивоҷи мо норозӣ будӣ, шояд дуоят гирифт. Аммо домуллои пир сари духтарашро ба оғўш гирифта мегуфт, ки наход дили ман шавад, ки туро дуо кунам, ин ҳукми парвардигор аст бачам, шак наёр. Ашкҳои домулло аз тораҳои риши сафеди базебаш чакида, дили абгори духтарашро зиёдтар хун мекарданд. Хешу табор маслиҳат карданд, ки Гулсифат ва Шумқорро ҷудо кунанд, аммо онҳо мурданро ба калла мегирифтанду ҷудоиро не…

Давом дорад. 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД