ИДОМААШ...
Минбаъд кам ба бозор мерафтам. Як рӯз Парвиз ба хабаргириам омада, гуфт, ки матоъҳои навбаромад овардаанду рафта, ҷудо карда гирам. Парвиз чун пештара мулоимгуфтор набуд. Чашмонаш беҷо буданд. Аз нигоҳаш тарсида гуфтам:
-Парвиз, ба ту чӣ шуд? Хотирпарешон менамоӣ?
Парвиз дар ҷавоб гуфт, ки каме банкрот шудаасту ба пул ниёз дорад.
Илтимос кард, ки барои як моҳ ба ӯ 50.000 сомонӣ қарз диҳам. Борҳояш, ки ба савдо рафт, пули маро бармегардонад. Ба ман, ки некӣ карда буд ва додар хонда будамаш, гуфтам, ки борҳои нағз овардӣ, Худо хоҳад, дар 10 рӯз қарзҳоятро меканӣ. Хулоса, мани содда ва ахмақ пулҳои шавҳарамро, ки барои хонасозӣ фиристода буд, якҷоя бо маблағи ҷамъкардаи худ бо ду дасти адаб бароварда, ба ӯ додам. Забонхат ҳам нагирифтам. Аз байн як моҳ гузашту Парвиз ба ман пули гирифтаашро надод, Моҳи дуюм низ пул надод. Шавҳарам телефон кард, ки моҳи август меояд ва хонаи нав месозем. Бо шунидани ин гап дилам ба ларза омад. Саҳари барвақт ба хонаи Парвиз рафтам. Модараш маро бо қошу қавоқи гирифта пешвоз гирифт. Дигар чун пештара меҳрубонӣ намекард. Дар куҷо будани Парвизро пурсида, дар бало мондам.
-Эй дод, аз дасти шумо, беваҳои шӯдор! Мемонӣ, ки писарам осуда зиндагонӣ кунад. Писарамро аз роҳ баровардӣ! Шавҳарат, ки омад, ман бо ӯ гап мезанам. Парвиз аз пушти ту гашта, маро банкрот кард. Муфлис шудам.
Тунин туҳмату таънаҳоро шунида, сарам чарх заду ба замин афтодам. Ҳамин дам аз куҷое Парвиз пайдо шуда, маро ба мошинаш савор карда, ба беморхонаи “Истиқлол” бурд. Духтурон баъди муоина гуфтанд, ки ҳомиладор ҳастам. Ба сари духтур дод зада, гуфтам, ки чӣ хел ман ҳомиладор мешавам, вақте ки як сол боз бо мард хоб накардаам. Охир шавҳарам дар Россия аст. Имрӯз чӣ рӯзи баде буд, ки ҳама маро таъна мезананд. Духтур маро маҷбуран ба кати муоинавӣ хобонида, “узи” карду гуфт, ки кӯдаки батнам 3 моҳа шуда истодааст. Доду фарёди маро Парвиз шунида, наздамон омада гуфт:
-Апашка, пеш аз бо ман ҳамхоба шуданат инро фикр мекардӣ! Мо мардем, албатта ин кӯдак писар мешавад.
Доду фарёд карда, ба сару рӯи Парвиз мушт задам. Ӯ бошад, маро сахт тела дода, телефонашро ба даст гирифта гуфт:
-Фоҳиша, магар, ин ту нестӣ?!
Дар экрани телефон худро лучи модарзод дидам. Боз дидам, ки Парвизи лаин бо ман муносибати маҳрамона дорад. Парвиз бо истеҳзо гуфт:
-Агар зани соз мебудӣ, ба хонаи марди танҳо намерафтӣ ва худатро ба оғӯши ман намепартофтӣ!
Аз ҳуш рафтам, намедонам чанд соат дар беморхона будам. Ба биниам дору монда, маро аз дари беморхона ронданд. Вақте ба хона омадам, маҷоли хеста, кор карданро надоштам. Фикру хаёлам ба пулҳои аз даст рафта ва шиками дамам буд. Бемори бистарӣ шудам, шавҳарам бемор буданамро шунида, гуфт, ки “ба ман пулу хона лозим нест. Бо ҳамон пулҳои захиравиамон, ки барои хонасозӣ аст, худатро табобат кун. Ман боз пул мефиристонам”.
Рӯзе ба телефонам аз рақами Парвиз паёмак омад. Ин марди палид тамоми корҳои бо ман кардаашро дар телефонаш сабт карда, ба ман фиристонид, ки агар 20.000 сомонӣ надиҳӣ, сабти мазкурро ба шавҳарат мефиристонам. Омад ба сарам аз он чӣ метарсидам. Маҷбур шуда, аз бонк қарз гирифта, ба он беимон боз 20.000 сомонӣ додам. Аз фикру хаёл ва шармандагии зиёд бемор будам. Тез-тез дилам беҳузур мешуд. Ба беморхона рафта, духтури шиносеро ёфтаму маслиҳат кардем, ки тифли батнамро исқоти ҳамл мекунад. Духтур ваъда дод, ки ба саломатиям хатаре таҳдид нахоҳад кард.
Шавҳарам ба хона омад. Мувофиқи маслиҳати пешакӣ ӯро ба назди духтури шиносам бурдам. Духтур маро муоина намуда, дар беморхона хобонид ва рӯзи дигар ба шавҳарам гуфт, ки ман гирифтори саратони бачадон гаштаам ва сари вақт бояд ҷарроҳӣ кунам. Шавҳарам тамоми хароҷотро ба гардан гирифт. Ман аз тифли батнам халос шудам. Парвиз боз ба ман паёмак фиристонида, таҳдид кард, ки барояш 10.000 сомонӣ тайёр кунам. Аз мағозаи деҳа, ки фурӯшандааш дугонам буд, ин маблағро гирифтам. Рӯз то рӯз қарздорон дари хонаамро мегирифтанд. Илоҷи дигар наёфта, аз хонаи шавҳарам фирор кардам. Дардам зиёд аст. Имрӯз аз назди духтур омадам. Ташхис нишон дод, ки бар асари ҷарроҳии нодуруст мубталои бемории саратон гаштаам. Аллакай беморӣ реша давонда, аз умрам рӯзҳои кам боқӣ мондааст. Шавҳарам дар ин бора чизе намедонад. Бигзор нафаҳмад.
Баъди се рӯз ба ман хабар доданд, ки Сайрам дар як садамаи автомобилӣ вафот кардааст. Ронандаи мошин низ мурдааст. Маълум гашт, ки ронандаи мошин Парвиз будааст. Боз аз Сайрам пул талаб мекунад ва дугонаи аз ҷонаш безор шудаам ба наздаш рафта, ба мошинаш мешинад ва “дамгирӣ” меравем гуфта, роҳ ҷониби Хуҷанд мегиранду дар роҳ ба ғори бетаг фурӯ мераванд.
Р.Холов