Аксари одамон дар рӯзҳои ид, махсусан иди саиди Фитр ва иди Қурбон бо мақсади худнамоӣ тамоми пасандози оилаи худро сарф намуда ва баъзан ҳатто қарзу қавола карда, дастурхони пур аз нозу неъмат меороянд. Дар бештари ҳолатҳо хӯрданиҳое, ки бо маблағи зиёд ба даст омадаанд, дар рӯйи дастурхон нохӯрда мемонанд ва вайрон мешаванд. Ин исрофкорӣ буда, аз назари дини мубини ислом гуноҳ аст.
Исроф - калимаи арабӣ буда, дар луғат ба маънои сарфу хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ ва бемаъние омадааст, ки мардум ба хотири зоҳирпарастӣ ё худнамоӣ анҷом медиҳанд. Тавре, ки Унсурмаолии Кайковус қайд намудааст: “Исрофро душман дор, исроф зиндаро бимиронад”.
Ибни Ҳаҷари Асқалонӣ дар китобаш бо номи “Амоли мутлақа” аз Пайғамбари ислом Муҳаммад (с) ривоят мекунад, ки пайғамбар дар ҳадисе фармудаанд: “Бихӯред, садақа диҳед, либос пӯшед, бидуни тахаюлот ва исрофкорӣ”.
Саъдии Шерозӣ низ дар мазаммати исрофкорӣ ва иҷтиноб варзидан аз ин амали зарарнок чунин мисраҳои ҷолибро эҷод кардааст:
Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун,
Чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун.
Дар Қуръони Карим Худованд бандагонашро аз исрофкорӣ манъ намуда, мефармояд: Исроф макунед; ба дурустӣ, ки Худо исрофкунандагонро дӯст надорад” (Сураи “Анъом”, ояти 141);
Бо ҳамин маънӣ дар ҷои дигар низ ишорат шудааст: Ҳеҷ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкунандагон бародарони шаётин ҳастанд ва Шайтон нисбат ба Парвардигори худ носипос аст” (Сураи “Исро”, ояти 26-27).
Дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон дастархони маънавӣ ва камхарҷи идона ороста, бо аҳли оила ва наздикон шодмонӣ кардан кофист.
Луқмони Ҳаким яке аз шахсони сарватманди замони хеш ба ҳисоб рафта, бо чунин дороиҳову сарвати хеш дар бораи сарфу хароҷоти зиёдатӣ, ҳамчунин исрофкорӣву зоҳирпарасти чунин зикр менамояд:
Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
Ҳам лоиқи душман асту, ҳам лоиқи дӯст.
Мардуми мо бояд аз гузаштагони хеш тарзи маъракаороии камхарҷу самимӣ ва маънавиро биомӯзанд, зеро тавре, ки дар китоби муқаддаси қуръон омадааст, Худованд исрофкоронро дуст намедорад ва мардумро ба ҷои исрофкорӣ ба садақа додан ба ятимон, бевазанҳо, пирони танҳо ва дигар одамони камбизоат роҳнамоӣ кардааст.