Sebiston new 2024 october
Худо бузург аст
1579


Онкологи машҳури покистонӣ Ишон Ҳусайнӣ боре барои дарёфти ҷоиза дар соҳаи тиб ба як конфронси муҳим ба шаҳри дигаре парвоз кард.

Аммо баъди як соати парвоз дар фурудгоҳи наздиктарин фуруди изтирорӣ сурат гирифт. Духтур як мошинро иҷора гирифта, ба конфронс рафт. Чанде пас аз рафтани ӯ, ҳаво гирифту тӯфони шадид оғоз ёфт.

Бар асари борони шадид интернети навигатор гум шуд, ӯ ба самти нодуруст гашту роҳгум зад. Пас аз гузашти ду соат табиб фаҳмид, ки хато кардааст. Хеле хаставу гурусна шуда буд. Аз ин рӯ, тасмим гирифт, ки сарпаноҳе ҷустуҷӯ кунад.

Ниҳоят ба назди хоначае расид. Ноумед аз мошин фаромада, дарро тақ-тақ кард. Дарро зане кушод. Ҳусайнӣ вазъиятро ба зан фаҳмонида, барои истифода бурдани телефонаш иҷозат пурсид. Он зан дар ҷавоб гуфт, ки телефон надорад, аммо ӯ метавонад вориди хона шуда, то беҳтар шудани ҳаво интизор шавад.

Духтур гурусна, либосаш тар ва хеле хаста шуда буд, аз ин рӯ, таклифи занро қабул кард ва ба хона даромад. Зан ба ӯ таклиф кард, ки чойи гарм нӯшида, метавонад чанд дақиқа ибодат кунад. Доктор Ишон Ҳусайнӣ табассум кард ва гуфт, ки танҳо ба меҳнати зиёд эътимод дорад.

Ҳангоме духтур сари миз нишаста чой менӯшид, зан дар канори кат дар равшании шамъ намоз мехонд. Табиб фаҳмид, ки зан ба кӯмак ниёз дорад ва чун намозро тамом кард, аз ӯ пурсид:
Шумо аз Худо маҳз чиро талаб мекунед? Оё дар ҳақиқат фикр мекунед, ки Худо дуоҳои шуморо мешунавад?
Зан ғамгинона табассум карду гуфт:
-Кӯдаке, ки дар гаҳвора аст, писари ман буда, аз як навъи нодири бемории саратон ранҷ мекашад ва танҳо як табиб ҳаст бо номи Ишон, ки ӯро табобат карда метавонад, аммо барои ба қабули ин духтури номдор рафтан пул надорам. Гузашта аз ин, духтур Ишон дар шаҳри дигар зиндагӣ мекунад. Худо то ҳол ба дуои ман ҷавоб надодааст, аммо ман медонам, ки Ӯ кӯмак мекунад ва ҳеҷ чизе имонамро шикаста наметавонад.
Духтур Ишон дар ҳайрат афтода, дигар гап зада натавонисту беихтиёр ашк рехт. Вай худ ба худ пичиррос зад:
- Худо бузург аст.
Ҳамаи он чӣ ки имрӯз рух дода буд, ба ёдаш омад: суқути тайёра, борони сахт, чӣ тавр роҳгум задан ва ҳамаи ин аз он сабаб рӯй дод, ки Худованд на танҳо дуои ин занро қабул кард, балки ба ӯ имконият дод, ки аз олами моддӣ берун равад. Табиби бузург дарк намуд, ки ғайр аз дуо ҳеҷ чиз ба одамон имкони ёрӣ расониданро надорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД