Меҳронаи Фурӯзон хонандаи мактаб дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ҳангоми баргаштан аз пахтачинӣ зери чархи трактор монда ба ҳалокат расидааст.
Аз шӯъбаи корҳои дохилии вилояти Суғд ба “Азия плюс” хабар доданд, ки аз рӯи ин ҳодиса парванда боз нашуд. Зеро ягон амалҳои ҷиноӣ дида намешавад.
Манбаъ гуфтааст, ки ин ҳодиса бо гуноҳи худи духтар рух додааст. “Ҳангоми ҳаракати трактор давида ба боркаши трактор часпидан мехоҳад, вале дар ин ҳолат ба замин меафтаду мефавтад ва ин ҳодиса нохуш ба қайд гирифта шудааст. Дар ин ҳолат нишонаҳои ҷиноят дида намешавад ва парванда кушода намешавад. “
Гулсара Назирова, модари марҳум ба гуфтааст, ки: “ 20 сентябр ба прокуратураи ноҳияи Зарафаробод ариза супоридам ва дархост кардам, ки бояд муаллим ва худи заминдор ҷазо дода шаванд. Чунки ман 15 сол духтарамро ба танҳоӣ калон кардам. Ҳама мушкилиҳои маро медонанд. Ман то охир мубориза мебарам ва шахсони гунаҳкор беҷазо намонанд, гуфтааст модари Меҳронаи марҳум.
“Меҳрона ба замин афтоду ронанда зер кард”
Модари марҳум аз нақли ду духтаре ки шоҳиди зери чарх мондани Меҳрона будаанд, ҳодисаро чунин шарҳ додаанд:
“ Вақте ронандаи трактор бо суръати баланд ронд, боркаш ба Меҳрона зарба зада ӯро ба замин афтонид. Ба хотири он ки шаб буд, ҳамаҷоро торикӣ фаро гирифта буд, ронанда ӯро надид ва аз болои ӯ ҳай кард”.
Дугонаҳояш вақте ӯро аз замин мебардоранд, аллакай ҷароҳати вазнин бардошта, баъдтар аз олам чашм мепӯшад.
Ба гуфтаи онҳо омӯзгорон шабона толибилмонро ҷамъ карда, гуфтаанд, ки агар касе пурсад, гӯед, ки касе ҳамроҳи Меҳрона набуд.
Ёдовар мешавем, ки Меҳронаи Фурӯзон хонандаи мактаби №2-и ноҳияи Зафаробод буда, шомгоҳии 14 сентябр ҳини аз пахтачинӣ баргаштан зери чархи трактор монда, ба ҳалокат расида буд.